Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба давлати Тоҷикистон тавсия додааст, то афроди гумонбар дар ҷиноят бояд ҳаққи ширкат дар интихоботи президентӣ ва парлумониро дошта бошанд.
Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар яке аз тавсияҳои худ ба ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус дар моддаи 33-и Қонуни дар бораи интихобот пешниҳод дорад, ки бо дарназардошти то замони собит нашудани айб, афроди гумонбар дар ҷиноят, ҳаққи ширкат дар интихоботро пайдо кунанд. Ҳамчунин ин ниҳоди байналмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, то ба ҷавонони 25 сола низ имконияти номзад шуданро бидиҳад ва гаравпулии интихоботро ба шароиту тавони номзадҳо мувофиқ кунад. САҲА бар зарурати ширкати фаъоли занон ва намояндагони ақалиятҳои миллӣ дар интихобот низ таъкид мекунад.
Сафир Параскива Бадеску, раҳбари нозирони САҲА рӯзи чоршанбеи 9--уми апрел дар ҳошияи нишасти муштараки ин созмон бо давлати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон овоздиҳии як нафар ба ҷои чанд нафар ва минбар надодан барои таблиғу ташвиқи пеш аз интихоботӣ ба номзадҳо аз ҳизбҳои мухолиф дар расонаҳои давлатӣ ба назар мерасид. Ӯ гуфт, дахолати ҳукуматҳои маҳаллӣ ба кори комиссияҳои ҳавзавӣ низ дар интихоботҳои гузашта мушоҳида шудааст, ки ҳоло ба Тоҷикистон тавсия дода мешавад, то чунин ҳолатҳо такрор нашаванд.
Ӯ гуфт: «Мо созмоне ҳастем, ки камбудиҳоро ин ҷо мушоҳида мекунем ва барои ислоҳ ба ҳукумат тавсия медиҳем. Мо умедворем, ки Тоҷикистон пешниҳодҳои моро ба назар мегирад ва зина ба зина ҷиҳати ислоҳашон мекӯшад. Мо ҳам ҳар кӯмаке, ки барои шаффофияти интихобот лозим мешавад, дар доираи имконот мерасонем. Мо на танҳо камбудиҳоро дар раванди интихобот мебинем, балки то куҷо Тоҷикистон беҳбудие дар интихобот ҷорӣ мекунад, онро низ сабт мекунем. Мо таҷрибаҳои хуби бархе кишварҳои дигарро низ тавсия медиҳем, ки барои Тоҷикистон муфиданд.»
Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран порлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи порлумониро, ки аз сӯи намояндагони ҲХДТ пешниҳод шуда буд, тасвиб кард. Аммо намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА мегӯянд, то замоне, ки пешниҳодҳои аҳзоби мухолиф низ ба эътибор гирифта нашавад, кафолати шафофияти баргузории интихобот зери шубҳа боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Ҷамшедов, як масъули Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон гуфт: "Тоҷикистон ба тааҳҳудоти худ дар заминаи интихоботҳо пойбанд аст ва интихоботи президентии 6-уми ноябри соли 2013 низ баёнгари он аст, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи демократӣ баргузор гардид."
Ҷаноби Ҷамшедов бо ишора ба тавсияҳои САҲА гуфт, ки комиссияҳои интихоботӣ умуман ба ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста набуданд ва мустақилияти онҳо дар қонунгузориҳои кишвар ба таври рӯшан баён шудааст. Ба таъкиди ҷаноби Ҷамшедов, "ҳеҷ мавриди дахолати ҳукуматҳои маҳаллӣ низ дар ҷараёни баргузории интихоботи презедентии ахир ба мушоҳида нарасидааст."
Баръакси ин гуфтаҳо, Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ аз 34 тавсияи нозирони САҲА бархеи онҳоро қобили қабул медонад: «Ба бисёр тавсияҳо мо розӣ ҳастем, қобили таваҷҷӯҳ ҳаст, қобили дастгирӣ ҳаст ва барои амалӣ кардани ин тавсияҳо мо чораҳои зиёдро меандешем. Барои ироа кардани ин тавсияҳо шахсан ба нозирон изҳори ташаккур мекунам, ки вақти худро дареғ надоштаанд. Ин масъалаҳо хеле ҷиддӣ ва муҳим мебошанд.»
Аммо аҳзоби сиёсии мухолиф тавсияҳои САҲА ба ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди интихоботро эҳтиёткорона медонанд ва мутмаин нестанд, ки ин тавсияҳо дар амал иҷро шаванд. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бовар надорад, ки ҳукумат амалан барои баргузории интихобот бо дарназардошти тавсияҳои нозирони САҲА талоше кунад. Ӯ мегӯяд, САҲА аз қабл бар асоси манфиатҳои геополитикӣ бо ҳукумат созишкорона ҳамкорӣ дошт ва аз нодида гирифтани тавсияҳояш ҳам ҷиддан нигаронӣ намекунад:
«Ҳоло дигар ҳукумат ба тавсияҳои онҳо ниёз надорад. Акнун, тағйиротро танҳо мардум метавонад ворид созад, чун ҳоло ташнаи дигаргунӣ ҳаст. Бо интихобтҳои ғайришафоф намешавад зиндагӣ кард. Мардум ҳам пешрафт кардааст, чун мебинанд, ки равандҳои сиёсӣ дар дигар кишварҳо чи гуна аст. Агар ҳукумат иқдом дар ин самт накунад, пас ҳатман рӯзе мардум худ барои дигаргунӣ иқдом хоҳад кард.»
Ин ҳам дар ҳоле, ки ҲНИТ ва ҲКТ лоиҳаҳои алоҳидаи ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи порлумонро ба Маҷлиси Намонядагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ҳоло мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доранд. ҲНИТ ва ҲКТ бо пешниҳоди ин тарҳҳо мехоҳанд, то намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар ҳайати участкаҳо ё марказҳои раъй шомил шаванд ва ҳангоми шумурдани раъй бевосита ширкат намуда, тақаллубкориро аз байн бубаранд.
Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ ва вакили порлумон афзуд, «мо умед доштем, ки Ватанов пешниҳодҳои моро ҳамроҳи пешниҳодҳои худ якҷо мекунад, аммо мутаасcифона ин кор анҷом нашуд. Аммо сеяки пешниҳодҳои моро қабул доштанд, вале чизҳои асосиро қабул накарданд ва мо боз дубора аз сари нав пешниҳод кардем. Мо пешниҳод кардем, ки бигзор номзадҳо 49 фоиз аз ҳизбҳои сиёсӣ ва 50 фоиз аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод шавад. Чунки тавонанд, тамоми табақаҳои мардуме, ки ба ин ё он аъзои ҳизб шомил ҳастанд, дар интихобот ширкат карда тавонанд. Яъне, 31 номзад бояд аз ҳизбҳо бошад ва 32 нафар ҳавзаҳои якмандатӣ.»
Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон мегӯяд, агар тавсияҳои САҲА низ дар қонуни интихобот ворид карда шавад ҳам, барои амалишавии он мансабдорони сатҳи поёнӣ ҳеҷ гоҳ иҷоза нахоҳанд дод: «Шояд раиси ҷумҳур манфиатдор бошад, вале дигар мансабдороне, ки дар сохторҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ кор мекунанд ва мансаби давлатиро барои коррупсия ва манфиатҳои авлодиву хусусӣ истифода мебаранд, манфиатдор нестанд, ки ба воситаи интихоботи озод бо истифода аз усулҳои мутамаддин ба шохаҳои мухталифи ҳокимияти давлат шахсиятҳои пазируфташуда ворид шаванд, то дар давлати мо тағийротҳои ҷиддӣ бошад. »
Баҳсу баррасиҳо бар сари ислоҳоти Қонуни интихоботи Тоҷикистон дар ҳолест, ки то камтар аз як соли дигар дар ин интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Нозирони умур мегӯянд, ҳамакнун бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, созмонҳои байналмилалӣ ва аҳзоби сиёсӣ фаъол хоҳанд шуд, аммо гумон аст, ки дар қонунгузорӣ ва баргузории интихобот ислоҳоти ҷиддие ворид гардад. Зеро ба гуфтаи ин нозирон ҳар он чӣ ҳукумат хоҳад ҳамон хоҳад шуд ва тасвиби ҳар гуна ислоҳот дар порлумон, ки аксарияти намояндагонаш аъзои Ҳизби халқии демократӣ ҳастанд, ба иродаи ин ҳизби ҳоким бастагӣ дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки то кунун САҲА аз интихоботҳои Тоҷикистон интиқод карда ва баргузории ин маъракаҳои сиёсиро муғойир ба мавозини байналмилалӣ донистааст.
Сафир Параскива Бадеску, раҳбари нозирони САҲА рӯзи чоршанбеи 9--уми апрел дар ҳошияи нишасти муштараки ин созмон бо давлати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон овоздиҳии як нафар ба ҷои чанд нафар ва минбар надодан барои таблиғу ташвиқи пеш аз интихоботӣ ба номзадҳо аз ҳизбҳои мухолиф дар расонаҳои давлатӣ ба назар мерасид. Ӯ гуфт, дахолати ҳукуматҳои маҳаллӣ ба кори комиссияҳои ҳавзавӣ низ дар интихоботҳои гузашта мушоҳида шудааст, ки ҳоло ба Тоҷикистон тавсия дода мешавад, то чунин ҳолатҳо такрор нашаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад