Кашфи 7 хуми бузурги қадима дар Фархор

Бостоншиносони тоҷик аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Саксанохӯри ноҳияи Фархор 7 хуми бузурги қадима пайдо кардаанд.
Азизулло Муродов, директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Фархор мегӯяд, аз дохили ин хумҳо, ки дарозиашон то як метр мерасад, ашёҳои ороишӣ, зарфҳои хурди обгирӣ ва устухонҳои инсон дарёфт шудааст.

Ӯ мегӯяд, ин бозёфтҳо ба тозагӣ пайдо шудаанд ва ҳанӯз бостоншиносон хулосаи ниҳоии худ дар мавриди хумҳоро эълон накардаанд. Аммо Муродов бо такя ба таҷрибаи бостоншиносиаш мегӯяд, ин хумҳо беш аз 2 ҳазор солаанд ва бо эҳтимоли зиёд замоне сохта шудаанд, ки сокинон пайрави оини зардуштӣ буданд.

Ӯ гуфт: «Дар чанд минтақаи дигари Тоҷикистон низ шабеҳи ҳамин хумҳо дарёфт шуда буданд, ки бостоншиносон онҳоро ба замони зардуштиён, ки аксаран бо ҳамин шева мурдаҳои худро мегурониданд, рабт доданд. Устухони одамон ва дигар ашёҳои дохилӣ ин хумҳо фикри моро тақвият медиҳанд. Дар қадимӣ будани ин хумҳо шак нест, аммо боз хулосаи ниҳоиро пас аз омӯзиш хоҳем гуфт.»

Соли гузашта дар ноҳияи Фархор осорхонаи навбунёд ба истифода дода шуд. Ҳоло дар ин ноҳия корҳои бостоншиносӣ дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони рус идома дорад. Соли гузашта бостоншиносон беш аз 60 осори таърихӣ пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи масъулини осорхона ҳама арзиши баланди таърихӣ доранд. Бостоншиносон бар ин назаранд, ки дар ҳудуди ноҳияи Фархор яке аз шаҳрҳои қадима зери хок аст, ки ҳанӯз ба пуррагӣ кашф нашудааст.