Дар шарқи Афғонистон рӯзи ҷумъа, 4 апрел, марди либоси полис дар тан хабарнигори олмонӣ Аня Ниедрингҳаусро ҳадафи тир қарор дод ва ҳампешаи канадагии ӯ Кэти Ганнонро маҷрӯҳ кард. Ин ҳамла дар шаҳри Хуст, воқеъ дар марз бо Покистон, рӯй дод. Хонумҳои хабарнигор барои оҷонсии Associated Press кор мекарданд.
Соли 2005 Аня Ниендрингхаус аз миёни 11 аккоси Associated Press ягон суратгаре буд, ки барои инъикоси ҷанг дар Ироқ дар дарёфти ҷоизаи бонуфузи Пулитсер муваффақ шуда буд.
Дар Афғонистон дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ чораҳои амниятӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои “Толибон” тақвият дода шудаанд. Қаблан раҳбарони ин ҷунбиш изҳор карда буданд, ки дар баргузории раъйдиҳӣ монеъаҳои ҷиддӣ эҷод хоҳанд кард.
Рӯзи шанбе 5 март мардуми Афғонистон бояд аз миёни 9 номзад раҳбари ояндаи кишварро интихоб кунанд.