Ҳалокати 4 сарбоз дар таркиши зиреҳпӯш дар Чеченистон

Бар асари ба бомби сарироҳӣ бархурдани зиреҳпӯши низомӣ дар Чеченистон чаҳор сарбоз ба ҳалокат расида, 7 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора вазорати умури дохилии Русия хабар дод.

Таркиш шоми рӯзи панҷшанбе, 3 апрел, дар канори деҳаи Яндии ноҳияи Ахчой-Мартан дар ҳоле рӯй дод, ки сарбозони нерӯҳои инженерӣ гирду атрофро назорат мекарданд.

Афроди ҷароҳатбардошта ба шаҳри Грозний интиқол ёфтанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.