Имрӯз, 31-уми март, дар шаҳри Душанбе, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил шуд.
Раиси ин донишкада Шодӣ Сафаров дар бораи дастовардҳои донишҷӯёни ин мактаби олии варзишӣ, ки таърихи 43-сола дорад, суханронӣ кард. Вай гуфт, «дар айни ҳол дар панҷ факултаи донишкада беш аз 5700 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 143 нафар устодон таълим медиҳанд. Дар айни ҳол беш аз 50 нафар донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дохиланд ва бархе аз онҳо дар мусобиқоти мухталифи қитъавию ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ муваффақ гаштаанд. Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон шогирдони мо Расул Боқиев дар риштаи гуштии дзюдо ва Мавзуна Чориева дар риштаи бокс соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ гардидаанд.”
Баъдан Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, омӯзгорону донишҷӯёнро бо ҷашни Наврӯз табрик кард. Ӯ гуфт, “дар тӯли даҳ рӯз дар Тоҷикистон чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор шуданд. Ман дар 10 мусобиқот ширкат доштам, ки онҳоро дар иншооти варзишии манотиқи мухталифи кишвар беш аз 200 ҳазор кас тамошо карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба варзиш, бахусус, намудҳои миллӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон макони тайёр намудани кадрҳои соҳаи варзиш аст. Инчунин дастпарварони ин донишкада дар арсаи ҷаҳон номбардори Тоҷикистонанд. Мо аз он хушҳолем, ки дастпарвари ин донишкада, паҳлавонони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов, дар рӯзҳои иди Наврӯз дар шаҳри Маскав, дар мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” оид ба самбо, ки яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳон ба шумор меравад, дар вазни то 57 кг ғолиб шуд ва медали тилло ба даст овард.”
Сипас ҷаноби Неъматов тӯҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро, ки либосу лавозимоти варзишӣ буд, ба аъзои дастаи мунтахаби чавгонбозии кишвар супурд. Беҳтарин варзишгарон – донишҷӯёни Донишкадаи варзиш дар намудҳои гуногун, ба мисли гуштии миллӣ, дзюдо, бандкашӣ, вазнабардорӣ, чавгонбозӣ, батут, шоҳмот ва якҳарбаи шарқӣ ҳунари худро намоиш доданд.
Дар ин маърака, ҳамчунин, бо дастгирӣ ва кӯмаки молии раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ хатнатӯйи 10 нафар кӯдакони ятим барпо гардид ва ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим шуд. Ҷашни Наврӯзӣ бо ширкати ҳунарманди маъруфи тоҷик Гургалӣ Бегов ва ҳаваскорони санъати донишкада бошукӯҳ гузашт. Аксҳо аз ҷараёни таҷлили ҷашни Наврӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро инҷо бубинед: