Ҳамсояҳо аз Русия фосила гирифтанд

Дар Кремлин сари суоле андеша хоҳанд кард, ки ҳангоми овоздиҳӣ дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба тарҳи қатъномаи маҳкумсозии илҳоқи Қрим аз сӯи Маскав бархе аз ҳамсояву шарикони стратегияш дар куҷо ё дар кадом сӯи сангар буданд.
Алайҳи ин қатънома, ки дар он аз якпорчагии Украина ҳимоят ва замима шудани Қрим аз сӯи Русия маҳкум шудааст, фақат 11 кишвари ҳампаймони Русия раъй доданд. Миёни ин шарикони стратегӣ чанд кишвари Амрикои Лотин, аз ҷумла, Венесуэла, ва Сурия, ки ба райъи Маскав дар Шӯрои амнияти Созмони Милал барои дифоъ аз режими Башор Асад умед бастааст, низ буданд.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, қабл аз шурӯи баррасии қатънома изҳор намуд, ки Маскав ба ин тарҳи ба Маҷмааи умумӣ пешниҳодшуда мухолиф аст. Ба гуфтаи ӯ, "ҳадафи ин тарҳ зери шубҳа бурдани аҳамияти раъйпурсии дар Қрим баргузоршуда аст, ки аллакай нақши таърихии худро бозидааст. Инро ба чолиш кашидан ба зарар кор аст". Дипломати рус

Виталий Чуркин

афзуд, "тарҳ бархе аз нуктаҳои дуруст ҳам дорад, аз ҷумла, даъват барои худдорӣ аз тасмимҳои якҷониба ва шиорҳои таҳрикдиҳанда, ки метавонанд боиси ташдиди авзоъ гарданд. Аз нигоҳи мо, барои гӯш додан ба ин даъват қабули ягон қатънома зарур нест".

Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ 100 кишвар ба тарафдории қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар мавриди арҷгузорӣ ба якпорчагии Украина ва ғайриқонунӣ будани ҳамроҳ кардани Қрим ба Русия овоз додаанд. Ёздаҳ кишвар зидди қабули қатънома раъй додаанд. 58 кишвари дигар ба ин қатънома раъйи мумтанеъ додаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, Маскав умедвор буд, ки шарикони стратегияш, аз ҷумла, аъзои Ҷомеъаи Кишварҳои Ҳамсуд алайҳи тарҳи қатънома садо баланд мекунанд, аммо фақат ду кишвари узви ин созмон – Арманистон ва Белорус райъи муқобил доданду халос. Озарбойҷон ва Молдова аз якпорчагии Украина пуштибонӣ намуданд. Дигар кишварҳои узви Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ё аз изҳори назар худдорӣ карданд ё дар раъйдиҳӣ умуман ширкат надоштанд. Гуфта мешавад, Русия мехост намоиш диҳад, ки фақат Ғарб ба замима шудани Қрим мухолиф аст ва на ҷомеъаи ҷаҳонӣ.

Мария Липман, сиёсатшиноси Маркази Каргегӣ дар Маскав мутмаин аст, ки баъд аз ин раъйдиҳӣ бештари кишварҳои шӯравии собиқ зери фишори Русия қарор хоҳанд гирифт. Аз ин пеш Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон ба навъе аз замима шудани Қрим ба Русия пуштибонӣ карданд ва гуфтанд, ки Қрим ҳаққи худмуайянкуниро дорад. Дар ин миён, ба гуфтаи хонум Липман, қазияи Арманистон фарқ мекунад, зеро ин кишвар ба ҳимояти Маскав

Мария Липман

аз ҳамсояҳои туркаш ниёз дорад. Раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко гуфт, ки замима шудани Қрим “намунаи бад” барои дигар кишварҳост, вале бо вуҷуди ин аз Русия чун шарики наздиктаринаш пуштибонӣ кард.

Қирғизистон ибтидо аз ҳукумати нави Украина дифоъ кард, аммо баъдан замима шудани Қримро як “воқеъият” номид. Қирғизистон дар раъйдиҳӣ дар Маҷмааи умумии СММ умуман ширкат надошт. Коршиносон мегӯянд, ба назар мерасад, ки худдорӣ ё ширкаёт накардан дар раъйдиҳӣ – як бахши стратегияи кишварҳои ҳамсоя ва ҳампаймони Русия шудааст ва ҳадафаш – латма назадан ба равобиташ бо кишвари мухолиф бо Русия аст.

Узбакистон, ки тасмими Маскав интиқод ва аз якпорчагии Украина пуштибонӣ карда буд, аз раъйдиҳӣ худдорӣ кард. Ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон бошанд, умуман ба раъйдиҳӣ ҳозир нашуданд.

Дар ҳоле, ки Ғарб ва Украина раъйдиҳӣ дар Маҷмааи умумии Созмони Милалиро пирӯзии дипломатии худ мехонанд, Маскав мегӯяд, раъйгирӣ собит кард, ки Русия танҳо нест ва дар инзивоъ қарор надорад. Виталий Чуркин гуфт, ки бештари кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид зери фишори шадид қарор доштанд ва дар ин вазъ худдорӣ аз овоздиҳӣ ба навъе пуштибонӣ аз Русия ҳам маҳсуб мешавад.