Кобул: "Маросими ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба таъхир нахоҳад афтод"

Мақомоти афғон овозаҳо дар мавриди ба таъхир афтодани барномаи наврӯзи байналмилалӣ дар Кобулро радд намуда ва гуфтаанд, ки он дар замони таъиншуда баргузор хоҳад шуд.
Қарор аст маросими имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 27-уми март дар шаҳри Кобул --пойтахти Афғонистон баргузор шавад.

Ҳасан Абдулилоҳӣ, вазири шаҳрсозии Афғонистон, ки масъулияти сохтани Қасри вижаи наврӯзӣ дар теппаи Пағмон дар ғарби Кобулро ба ӯҳда дорад, эълом кардааст, ки қасри вижае, ки давлати Афғонистон барои пазироӣ аз меҳмонон сохтааст, омода мебошад ва мушкиле дар замина вуҷуд надорад.

Ин мақоми афғон ба рӯзномаи "Ҳашти субҳ" гуфтааст, раисони даҳ кишвари ҳавзаи Наврӯз омодагӣ кардаанд, ки дар ин барнома ширкат кунанд. Ӯ гуфтааст, ки ба иловаи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, Ҳинд ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ омодагии худро барои ширкат дар ин ҷашн эълон кардаанд.

Оқои Абдулилоҳӣ дар мавриди вижагиҳои ин қаср гуфтааст, ки ба ҳар як раиси ҷумҳур, ки қарор аст рӯзи 27-уми март ба Кобул биояд, як утоқи вижа ихтисос додааст шуда ва як утоқи конфронс дар канори он ҷой дорад. Вай гуфтааст, ин қаср бо маблағи 16 миллион доллар сохта шуда, дорои як толори бузург бо гунҷоиши 500 нафар низ мебошад.

Дар бораи барномаи Наврӯзӣ, ки қарор аст дар ин маросим иҷро шавад, вазири шаҳрсозии Афғонистон гуфтааст, ки дар он либосҳои афғонӣ, ғизоҳои маҳаллӣ, рақсу созҳои мардуми Афғонистон ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Афғонистон имсоли мизбони ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аст. Дар соли 2009 ҷашни Наврӯз аз сӯи Маҷмаии умумии Созмони Милали Муттаҳид ба расмият шинохта шуд. Барои нахустин бор ин ҷашн соли 2010 дар Теҳрон-пойтахти Эрон бо мушорикати сарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ироқ, Озарбойҷон ва Туркия баргузор шуд.

Дувумин ҷашни наврӯзӣ соли 2011 дар Саъдободи Теҳрон ва соли 2012 дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон доир шуд. Дар соли 2013 Туркманистон мизбони ин ҷашн буд ва имсол Кобул-пойтахти Афғонистон мизбони ҷашни ҷаҳонии Наврӯз мебошад.

Афғонистон дар беш ду даҳаи ахир барои нахустин бор аст, ки мизбони як чунин маросими байналмилалӣ, мебошад, ки дар он сарони чандин кишвар даъват шудаанд. Чолишҳои амниятӣ аз монеаҳои умдаи баргузории нишастҳои байналмилалӣ дар Афғонистон будаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наврӯзи байналмилалӣ дар Афғонистон доир мешавад