Ҳукумати Русия қарори Иттиҳодияи Аврупо барои эъмоли таҳримоти нав алайҳи он кишварро “нодида гирифтани воқеъият” номид ва гуфт, ки ҳақ дорад, ба ин таҳримот аксуламал нишон бидиҳад.
Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа бинобар ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба қаламрави Русия 12 шаҳрванди Русия ва Украинаро аз ҳаққи сафар ва дастрасӣ ба моликияту ҳисобҳои бонкиашон дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодия маҳрум кард.
Ҳамин гуна теъдоди афроди таҳримшуда ба 33 нафар расид. Александр Лукашевич, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи шанбе гуфт, кишвараш ҳақ дорад, ба ин иқдомот “посухи шабеҳ” бидиҳад. Дар баёнияи дигаре дар робита ба вазъи Украина ва қарори ирсоли нозирони байналмилалӣ ба он кишвар, вазорати умури хориҷии Русия гуфт, умедвор аст, ин нозирон “ба рафъи бӯҳрони дохилӣ дар Украина ва хотима додан ба роҳзании густурдаи миллатгароён ва тамоюлҳои сахти ифротгароӣ” мусоидат кунад.
Рӯзи ҷумъа Русия бо 56 узви дигари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқат кард, ки гурӯҳе аз нозирони ин созмон барои шаш моҳ авзоъ дар Украинаро назорат кунанд. Даниел Баер, намояндаи Амрико дар созмон гуфт, ирсоли нозирон ба Украина то 24 соати дигар шурӯъ мешавад: “Мо хушҳолем, ки Русия дар ниҳоят бо ҳама мувофиқат кард, нозирон ба Украина фиристода шаванд. Тавре аз Швейтсария, раёсаткунанда дар созмон шунидем, бар асоси қарор, нозирон бояд то 24 соат ба Украина фиристода шаванд. Яъне аввалин нозирон то ҳамин шаб ва ё субҳи дигар дар онҷо хоҳанд буд.”
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, нозирон дар бораи авзоъи амниятӣ дар саросари Украина иттилоъ ҷамъ мекунанд, вале қарор нест, ба Қрим бираванд. Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи шанбе гуфт, “маъмурияти нозирон нишондиҳандаи воқеиятҳои нави сиёсӣ ва қонунӣ аст ва Қриму Севастополро дар бар намегирад, ки ба бахше аз Русия табдил шудаанд.“
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа бо вуҷуди мухолифати кишварҳои ғарбӣ ва таҳримот алайҳи кишвараш, санади расман ба кишвараш ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қримро имзо кард.