Амрико ёрони Путинро таҳрим мекунад

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА гуфт, Вошингтон алайҳи мансабдорони аршади рус, сармоядорони наздик ба Владимир Путин ва Бонки Русия, ки бо мақомоти олии Русия робитаи зич доранд, таҳримҳо ҷорӣ мекунад.
Ӯ изҳор дошт, ки “бо такя ба қарори ҳукумат, ки ман дар посух ба дахолати дағалонаи Русия ба умури Украина имзо кардам, мо болои мансабдорони олимақоми ҳукумати Русия таҳримҳо ҷорӣ мекунем. Ғайр аз ин, мо алайҳи дигар афроди қудратманд ва бонуфуз, ки ба раҳбарияти Русия кӯмаки моддӣ мекунанд, ҳамчунин бонке, ки ба ин афрод имдод мекунад, имрӯз таҳримҳо ҷорӣ намудем.»

Кохи Сафед эълом дошт, ки дар оянда аз дигар гомҳо ба хотири муҷозоти Русия ҳам кор хоҳад гирифт. Бар пояи таҳримҳои Вошингтон вуруди чанд мансабдори воломақом, аз ҷумла, раиси ширкати Роҳи оҳани Русия Владимир Якунин, сармоядор Геннадий Тимченко, раиси дафтари раёсатҷумҳурии Русия Сергей Иванов ба Амрико масдуд ва дастрасияшон ба ҳама гуна хадамоти молиявӣ на фақат дар Амрико, балки дар сартосари олам номумкин мешавад.

Вазорати молияи ИМА дар қатори 20 бонки бузург алайҳи Бонки Русия ҳам таҳрим эъмол кард, ки онро дар Вошингтон «бонки шахсии мақомоти аршади Федератсиони Русия» мехонанд. Раиси Бонк Юрий Ковальчук ҳам ба феҳристи афроди таҳримшуда шомил аст.

Аз ин пеш мансабдорони Русия ба таҳримҳои аввалияи Амрико тамасхур зада гуфтанд, ки онҳо дар Амрико ягон ҳисоби бонкӣ надоранд ва ба ин кишвар рафтанӣ ҳам нестанд. Аммо таҳримҳои нав, ба гуфтаи масъулини Кохи Сафед, ба ин афрод барои интиқол додани маблағҳояшон аз як кишвар ба кишвари дигари олам иҷоза нахоҳанд дод. Дуглас МакНэб, вакили дифоъ, ки масоили марбут ба таҳримҳои молиявиро пажуҳиш мекунад, мегӯяд, «ҳатто бонкҳое, ки бо Амрико ягон қарордод надоранд, аз ҳамкорӣ бо ин афроди таҳримшуда худдорӣ хоҳанд кард».

Яке аз таҳримшудаҳо Геннадий Тимченко - аз соҳибони ширкати хариду фурӯши нафти Gunvor аст, ки қароргоҳи асосияш дар Женева ва як дафтари кораш дар Қибрис ҷойгир шудаанд. Бар пояи изҳороти ширкати Gunvor, дар арафаи таҳримҳои Амрико Геннадий Тимченко ҳама саҳмияҳои ширкатро ба шарики шведияш Торбҷорн Тернквист фурӯхт. Бонки «Русия» бо тақрибан 10 миллиард доллар ҳазинааш ҳам дар ҳамкорӣ бо дигар бонкҳо ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Барак Обама ҳамчунин гуфт, ҳукумати Амрико метавонад ба дигар бахшҳои иқтисоди Русия ҳам таҳримҳо ҷорӣ кунад. Намояндаи Кохи Сафед дар ташреҳи ин нукта гуфт, ки, аз ҷумла, ба бахшҳои энерҷӣ, коркарди захираҳо, молия, истихроҷи маъданҳои кӯҳии Русия ҳам таҳримҳо ҷорӣ карда мешаванд. Аммо мансабдори воломақоми ҳукумати Амрико ишора кард, ки аз ин таҳримҳо шояд баъд аз таҷовузи Русия ба дигар минтақаҳои Украина кор гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол бархе, аз ҷумла, вакили дифоъ Гэнис мегӯяд, ки таҳримҳо болои бахши энерҷии Русия на фақат ба ширкатҳои ин кишвар, балки ба бозори ҷаҳонӣ осеб мерасонанд ва барои кишварҳои аврупоӣ, ки пойбанди маводи сӯхти Русияанд, мушкил эҷод хоҳанд кард.

Қарор аст, ки Барак Обама ҳафтаи оянда ба Аврупо сафар карда, вазъи Украинаро бо сарони G-7 – Гурӯҳи иборат аз ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии олам баррасӣ намояд.