Путин мегӯяд, муносибат бо Украинаро қатъ намекунад

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки райпурсии Қрим ба таври демократӣ ва комилан мутобиқ бо қонунҳои байналмиллалӣ баргузор шудааст. Ба гуфтаи вай, натиҷаҳои райпурсӣ “бештар аз боварибахш” аст.

Путин гуфт, ки Русия ба гурӯҳҳои қавмиву миллӣ дар Қрим эҳтиром мегузорад ва дар Қрим се забон баробарҳуқуқ хоҳанд буд, забони русӣ, забони тоторҳои Қрим ва забони украинӣ.

Путин ин суханонро дар иҷлоси муштараки Думаи Давлатӣ ва Шӯрои Федератсия изҳор дошт. Вай гуфт, ки Русия муносибот бо Украинаро қатъ нахоҳад кард, вале Қрим бояд бахши Русия бошад. Ба гуфтаи вай, Қрим хонаи ононест, ки қарнҳо дар он ҷо зиндагӣ кардаанд, вале ҳеҷ гоҳ “минтақаи бандерҳо” нахоҳад буд.

Путин дар ин суханронии худ гуфт, ки сисёсати хориҷии Амрико бар асоси усули “ҳақ онест, ки зӯр аст” пайрезӣ шудааст. Ба гуфтаи вай, Ғарб барои Украина “аз хати сурх” гузаштааст ва ғайрикасбиву бемасъулиятона рафтор кардааст.

Рӯзи душанбе Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди мақомоти расмии Русия ва ширкатҳои аслиҳаи ин кишвар таҳрим ҷорӣ карданд.