Ҳалокати 7 нафар, аз ҷумла 5 духтари ноболиғ дар роҳи Айнӣ - Хуҷанд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, субҳи 17-уми март дар натиҷаи як садама дар километри 158 - уми роҳи Душанбе - Хуҷанд 7 нафар, ки миёни онҳо 4 толибилм буданд ба ҳалокат расидаанд. Аловиддин Қаландаров, масъули бахши ахбори фаврии вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи садама 4 духтари ноболиғ дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, ронанда, як мусофири дигар ва омӯзгоре, ки ин хонандагонро ҳамроҳӣ мекард, ҷароҳат бардошта дар беморхона фавтидаанд. Гуфта мешавад, ин 4 духтар хатмкунандагони мактаби рақами яки ноҳияи Айнӣ буда, барои супурдани ҳуҷҷатҳои худ барои имтиҳонҳои дохилшавӣ ба яке аз нуқтаҳои маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд мерафтанд.