Рӯзи якшанбе дар Қрим райпурсии зиддунақиз баргузор шуд. Дар ин райпурсӣ аз аҳолии қобили рай пурсида мешуд, ки онҳо мехоҳанд, ки Қрим аз Украина ҷудо шавад ва ба Русия бипайвандад.
Дар Қрим 60 дарсади аҳолиро сокинони русзабон ташкил медиҳанд. Мақомоти маскавгарои Қрим мегӯянд, ки то нисфирӯзи бештар аз 50 дарсади райдиҳандагон дар райдиҳӣ ширкат кардаанд.
Дар остонаи ин райпурсӣ Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо райпурсиро ғайриқонунӣ эълон карданд ва гуфтанд, ки агар Русия барои забти Қрим даст ба фаъолиятҳои баъдӣ занад, бар зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷорӣ хоҳанд кард. Намояндагони дипломатии кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки таҳримҳои иловагӣ бар зидди Русия аз рӯзи душанбе оғоз мешавад.
Вале Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия ба Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, ба ақидаи Русия райпурсии Қрим дар бораи ҷудо шудан аз Украина ва пайвастан ба Русия “комилан бо муқаррароти байналмиллалӣ мутобиқат мекунад”.