То райъпурсии ҷанҷолбарангези Қрим ду рӯзи дигар монд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даргирӣ миёни ҷонибдорон ва мухолифони Русия дар Донетск.

Дар пайи ҳуҷуми нирӯҳои русгаро ба тазоҳуроти ҷонибдорони "Украинаи воҳид" ду нафар дар Донетск кушта шуд.
Бар пояи хабарҳои ахир, бар асари бархӯрдҳо дар шаҳри Донетски Украина, ки шоми панҷшанбе ба вуқӯъ пайвастанд, се нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 50 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин ҳодиса сухангӯи бахши маҳаллии ҳизби “Свобода” Дмитрий Чернявский ҳам ҷон бохтааст.

Дар ҳамоишҳои русгароҳо ва ҷонибдорони Украинаи воҳид дар майдони ба номи Ленини Донетск ҳазор нафарӣ аз ду ҷониб ширкат доштанд. Замоне, ки афроди пуштибон аз Украинаи воҳид майдонро тарк мекарданд, русгароҳо ҳалқаи кормандони милисаро шикаста ба онҳо ҳамла намуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, теъдоди кормандони милиса дар майдон хело кам буд ва онҳо алайҳи ҳамлагарон чорае наандешиданд.Қарор аст, ки русгароҳо дар шаҳри Донетск рӯзҳои 15 ва 16 март ҳам ҳамоишҳо баргузор ва пайвастани вилоят ба Русияро талаб кунанд.

Дар ҳамин ҳол, шоми 13-уми март нахуствазири Украина ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки кишвараш ба ҳамлаи низомӣ рӯбарӯ шудааст. Арсений Ятсенюк дар айни ҳол гуфт, ҳанӯз фурсат барои ҳалли бӯҳрон аз роҳи сулҳомез вуҷуд дорад.

Ӯ дар Шӯрои Амният аз Русия хост нерӯҳояшро аз нимҷазираи Қрим хориҷ кунад ва ба таври ҷиддӣ ба гуфтугӯҳо барои роҳи ҳалл бипардозад.
Нахуствазири Украина, ки дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо забони англисӣ сӯҳбат мекард, ба забони русӣ ба Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, оё ин кишвар воқеан ҷанг мехоҳад?

Суханронии нахуствазири Украина дар замоне дар Шӯрои Амнияти СММ эрод шуд, ки дар остонаи баргузории ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қрим, танишҳо дар Украина афзоиш ёфтааст. Қарор аст рӯзи якшанбеи 16-уми март дар Қрим дар бораи пайвастан ё напайвастани бар Русия ҳамапурсӣ баргузор шавад.

ҲУШДОРИ АМРИКО БА РУСИЯ ДАР БОРАИ ҚРИМ

Дар ҳамин ҳол Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе ба Русия ҳушдор дод, ки мумкин аст дар бораи иқдомоташ дар Қрим, ба вокуниши сареъ ва шадиди Амрико рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҷон Керри, ки дар яке аз кумитаҳои маҷлиси Сенат сухан мегуфт, эълон кард, ки дар сурати таъйиди ҳамапурсӣ дар Қрим аз сӯи Маскав, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико рӯзи душанбе гомҳое бисёр ҷиддӣ дар баробари Русия бархоҳанд дошт.

Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қримро, ки қарор аст рӯзи якшанбе дар ин минтақа барои пайвастан ба Русия анҷом шавад, мухолифи Қонуни асосии Украина ва қонунҳои байналмилӣ хондаанд.

Ҷон Керри қарор аст имрӯз, ҷумъаи 14-уми март дар Лондон бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ дидор ва дар бораи бӯҳрони Украин гуфтугӯ кунад. Бино бар гузоришҳо, ин ду мақоми амрикоӣ ва рус аз замони шиддат гирифтани бӯҳрони Украина тақрибан ҳар рӯз гуфтугӯ кардаанд, аммо ҳанӯз ба натиҷае даст наёфтаанд.