Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баъд аз ташануҷи дирӯза ҳамакнун роҳ ба сӯи Ворух боз шуда ва вазъ дар марз мӯътадил мебошад.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд баста шудани роҳи Ворух аз сӯи қирғизҳо дар рӯзи панҷшанберо як “ҳамдигарнофаҳмӣ” байни сокинони марзӣ номид, ки “он ба масъалаи бунёди роҳи Бодканд-Тамдиқ дахл надорад.“
Вай дар сӯҳбат бо "Озодӣ" дар ин бора чунин гуфт: “Мо шаби гузашта зуд дар ин бора бо муовини губернатори Бодканд вохӯриву гуфтушунид доштем. Интиқоли техника барои корҳои хоҷагидорӣ будааст ва нофаҳмӣ аз байн бурда, роҳ зуд боз карда шуд. Ҳоло вазъият дар марз мӯътадил аст.”
Ҷаноби Сангинов, ки дар пайи ҳодиса дар Ворух қарор дошт, дар посух ба саволи "Озодӣ", ки оё ҷониби Бодканд техникаашро аз роҳи Исфара мехост барои идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангшези Бодканд – Тамдиқ интиқол диҳад, посухи радд дод: “Не, ин тавр нест. Чунки бунёди роҳи Бодканд-Тамдиқ боздошта шудааст. Дар ин бора байни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа аст, ки то замоне масъалаҳо дар доираи манфиатҳои тарафайн ҳаллу фасл гардида, ҷонибҳо ба созиш нарасанд, идомаи сохтмони ин роҳ аз сар гирифта нахоҳад шуд. Ва комиссияҳои байниҳукуматии марзбандӣ аз рӯйи манфиатҳои ҳар ду тараф кадом варианти ҳалли ин масъаларо қабул кунанд, аз рӯйи он корбарӣ мешавад.”
Ба гуфтаи сокинони Ворух, дар ҳоли ҳозир дар маҳали бунёди роҳи басҳноки Бодканд – Тамдиқ, ки аз канори деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара мегузарад, ҳеҷ гуна ҳаракати техникаву идомаи кор мушоҳида намешавад. Ба гуфтаи як сокини Ворух, дар пайи раҳбандӣ мақомоти Суғду Бодканд зуд ба маҳали ҳодиса ҳозир шуда, бо сокинон сӯҳбат кардаву аз доман задани муноқиша пешгирӣ кардаанд.
Вай афзуд, ба думболи ҳодиса муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ҳамроҳи бархе мақомоти дигари Суғд шаби гузашта бо сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аълову Ворух сӯҳбат доштанд ва онҳоро ба хештандориву таҳаммул ва ҳалли мушкилоти марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид даъват намуданд.
Ба гуфтаи як сокини Ворух, шаби гузаштаи 13 уми март, тахминан соатҳои 8:30 шом гурӯҳи сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд, ҳудуди 100 нафар ба нишони эътироз аз он, ки сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара техникаи роҳсозии қирғизҳоро нагузоштаанд ба тарафи Оқсой ҳаракат кунад, роҳи Ворух - Исфараро бастаанд. Деҳаи Оқсойи Бодканд байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ҷойгир аст. Мусоҳибам афзуд, биноба хабарҳо, қирғизҳо бо он техника мехостаанд қисмати баҳсноке аз роҳи байни деҳаҳои Хоҷаи Аълову Оқсойро бозсозӣ ва барои бунёди пули хурде замина фароҳам кунанд.
Баста шудани роҳ барои як муддати кӯтоҳ, боиси банд мондани чандин нақлиёти Ворух дар ду сӯи роҳи баста гашта, дар Воруху Хоаи Аъло низ даҳҳо сокинон бо эътироз аз раҳбандӣ сари роҳ ҳозир шудаанд. Аммо баъди мудохилаи саривақтии мақомоти Суғду Бодканд ин нофаҳмӣ бартараф шуда, қирғизҳо роҳро боз кардаанд.
Муноқишаву раҳбандиҳои сокинони Бодканд дар ин мавзеъи баҳснок аз соли гузашта ба думболи мухолифати сокинони Исфара ба бунёди роҳи алтернативии Тамдиқ – Бодканд гоҳу ногоҳ сар мезанад. Сокинони Исфара мегӯянд, дар сурати аз сӯи Қирғизистон бунёд шудани ин роҳи мувофиқанашуда бо Тоҷикистон дар мавзеъи басҳнок минтақаи Ворух аз қисмати дигари Тоҷикистон бурида шуда, дар инзивоъ қарор мегирад.