Амрӣ Аминов, муҷассамасози тоҷики муқими Фаронса, пайкараҳои яке аз классикони синамои ҷаҳон Робер Ҳусейн ва шоири маъруфи тоҷик Абдулқосими Лоҳутиро месозад.
Амрӣ мегӯяд, ки сохтани муҷассамаи Робер Ҳусейн пешниҳоди худи ин ҳунарманду таҳиягари маъруфи Фаронса аст. “Ман ин пешниҳодро пазируфтам, зеро Робер Ҳусейн ягона ситораи синамои ҷаҳон аст, ки решаҳои тоҷикӣ дорад – модари ӯ аз Самарқанд аст ва бо оҳангсози озарӣ Аминулло Ҳусейнов (Андре Ҳусейн) издивоҷ кардааст”, мегӯяд муҷассамасози тоҷик.
Ба гуфтаи Амрӣ, ӯ бо Робер Ҳусейн дар маҳфиле дар Порис ошно шуд, аниқтараш онҳоро як дӯсти Робер Ҳусейн ошно кард, ки аз муҷассамаи Жан Пол Белмондо ба ваҷд омада буд. Муҷассамасози тоҷик, ки ба ҷуз Белмондо пайкараи Жан Гобен ва ситораи Ҳоливуд Клинт Иствудро ҳам сохтааст, мегӯяд муҷассамаи Роберт Ҳусейн аз силсилаи муҷассамаҳои ситораҳои синамои олам хоҳад буд.
Робер Ҳусейн, ки 87 сол дорад, бори аввал соли 1954 дар филми “Соҳили духтарони малламӯй” (Quai Des Blondes) нақш офарида, баъд аз як сол нахустин филми худ “Аблаҳон ба дӯзах мераванд” (Les Salauds Vont en Enfer)-ро таҳия кардадаст. Дар ин филм яке аз нақши асосиро Марина Влади иҷро карда буд ва онҳо ҳамон сол бо ҳам издивоҷ карданд. Робер Ҳусейн, ки ӯро классики зиндаи синамои Фаронса мехонанд, даҳҳо филм таҳия карда, дар ҳамаи онҳо ва дар даҳҳо филмҳои дигар таҳиягарони маъруфи фаронсавӣ нақш офаридааст.
Амрӣ мегӯяд, ки дар офаридани муҷассамаи Робер Ҳусейн мушкил нахоҳад дошт, зеро бо ӯ пайваста дар тамос аст, аммо барои сохтани пайкараи Абдулқосим Лоҳутӣ то ҳол маводи зарурӣ аз ҷумла, аксҳои ӯро пайдо накардааст. “Мехоҳам, ки бо пайвандони ин шоири маъруф вохӯрам, шояд онҳо барои пайдо кардани аксҳои шоири бузург ба ман кӯмак кунанд, то пайкараро шабеҳи худаш созам”, мегӯяд муҷассамасози тоҷик. Ӯ меафзояд, ки тайи 30 соли ахир тарҳи тақрибан сад муҷассамаи шоирони бузурги форсу тоҷикро офаридааст, аммо ба бузург кардани онҳо муваффақ нашудааст, зеро ин ҳам маблағи бузург ва ҳам ҷойи вижаро мехоҳад.
Амрӣ маҷмааи “Ҳёте ва бузургони форсу тоҷик”-ро аз беҳтарин офаридаҳои худ мешуморад. Ин маҷмаа, ки илҳом аз “Девони Шарқу Ғарб”-и Ҳёте мебошад, аз пайкараи шоиру мутафаккири олмонӣ ва шоирони бузурги форсу тоҷик – Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саноӣ,Румӣ, Аттор, Анварӣ, Саъдӣ, Ҳофиз иборат аст.
Амрӣ мегӯяд, ки “бунёд шудани чунин як маҷмаа дар хиёбоне ё дар як боғ ва ё дар дохили як бинои маъмурӣ беҳтарин рамзи ифтихори миллӣ ва боло
бардоштани имиджи миллат ва забони мо хохад буд”. Муҷассамасози тоҷик, ки имрӯз тоҷикон ба ин гуна имиҷ сахт ниёз доранд, то касе пешниҳоде чун сохтани муҷассамаи мардикори тоҷик дар Маскавро ба забон наоварад.
Амрӣ Аминов, пайкарасози тоҷик, дастпарвари мактаби олии ҳунари ҳайкалтарошии Русия аст ва чандин сол боз дар Фаронса ба сар мебарад. Ӯ соли 2012 ба узвияти Академияи наққошии Русия пазируфта шуд. Санади узвият ва нишони онро ба Амрӣ Аминов раҳбари ин академия, пайкарасози маъруф Зураб Серетелӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО - Бунёди СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф дар Порис супурда буд. Ин Академия яке аз марказҳои муътабари ҳунарӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва аз соли 1724 то ҳол бештари шахсиятҳои маъруфи ҳунарии ҷаҳонро ба узвияти худ қабул кардааст Аз Тоҷикистон ҳамчунин Сӯҳроб Қурбонов ва Хушбахт Хушвақтов ба узвияти ин Академия пазируфта шудаанд.
Моҳи январи соли равон дар як маросими вижа дар шаҳри Сен Жермен Ан Ле (Saint-Germain-en-Laye) ба Амрӣ Аминов унвони «Шаҳрванди ифтихорӣ» ва нишони "Офтоби Тиллоӣ" супурда шуд.
Муҷассамаҳои Амрӣ дар чанд шаҳр ва, аз ҷумла, дар Порис, дар боғи ЮНЕСКО гузошта шудаанд. Амрӣ муаллифи муҷассамаи “Марианнаи Шомбурсӣ” – рамзи шаҳри Шомбурсии канори Порис аст. Аз ин қабл пайкарасози тоҷик бо чанд ҷоизаи байнулмилалӣ, аз ҷумла, бо ҷоизаи “Требия”-и Ҷумҳурии Чех сарфароз шуда буд.