Обама бо нахуствазири Украина мулоқот мекунад

Қарор аст имрӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар Вашингттон бо Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина мулоқот кунад. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, мулоқот бо Ятсенюк, паёми он аст, ки "мо аз ҳукумати Украина, мардуми Украина ва қонунмандии ҳукумати нави Украина қотеъона пуштибонӣ мекунем.” Дидори ду тараф дар замоне сурат мегирад, ки Ҷумҳурии Мухтори Қрим ба раъйдиҳии рӯзи якшанбе дар бораи сарнавишти ояндаи ин минтақа омода мешавад. Мардуми Украина бояд аз миёни ду пешниҳод якеро интихоб кунанд ва он ҳам инки Қрим бо дарёфти истиқлоли бештар, як бахше аз Украина бимонад ва ё ба Русия бипайвандад. Интизор меравад, нахуствазири Украина аз Амрико барои дифоъи худ аз Русия ва ислоҳи вазъи молии кишвар кӯмак молӣ бихоҳад. Як рӯз пештар аз ин Маҷлиси Намояндагони Амрико бо судури як қатъномаи рамзӣ Русияро барои ишғоли Қрим интиқод кард.