Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияту дифоъ Шералӣ Хайруллоев масоили вобаста ба ҷараёни фаъолияти ҳайатҳои кори кории Душанбе ва Бишкекро ба сокини Ворухи Исфара шарҳ додааст. Собир Сафаров, раиси ҷамоати Хоҷааълои Исфара рӯзи 11-уми март ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки азбаски сокинони деҳаи Ворух таваҷҷӯҳи хос ба натиҷаи музокирот ва фаъолияти гуруҳҳои корӣ доранд, Шералӣ Хайруллоев ёвари президент оид ба масоили амнияту дифоъ ва ҳамчун раҳбари гуруҳи корӣ ба деҳаи Ворух омада, бо мардум мулоқот намуданд. Шералӣ Хайруллоев дар бораи протоколҳое, ки дар музокираҳои гузашта дар робита ба масоили марзӣ ба даст омадаастро шарҳ дод ва ба суолҳои ворухиён дар бораи масоили марзӣ посух гуфтааст. Неъматулло Умарҷонов, як сокини деҳаи Ворух мегӯяд, ки дар ин мулоқот пас аз суханронии Шералӣ Хайрулоев мардум суол додаанд, ки масъалаи аз анклава раҳо шудани Ворух чӣ мешавад ва оё дар музокираҳо ин мавзӯъ матраҳ шудааст ё на. Шералӣ Хайруллоев гуфтааст, ки масъалаи додани қитъаи замин барои аз анклава баровардани Ворух дар музокираҳои гузашта аз тарафи намояндаҳои Тоҷикистон дар миён гузошта шудааст ва мунтазири ҷониби Қирғизистон ҳастанд. Тавре ҳамсуҳбати "Озодӣ" мегӯяд, Шералӣ Хайруллоев ба мардуми Ворух аз натиҷаҳои неки ҷараёни гуфтушунидҳо ва фаъолияти гурӯҳҳои корӣ хабар дода гуфтааст, ки пас аз 15-уми март мулоқоти навбатии ҳайатҳои музокиракунанда баргузор хоҳад шуд. Феълан ҳайати гурӯҳҳои корӣ таҳти раҳбарии Шералӣ Хайрллоев дар Исфара масоили марзиро баррасӣ доранд.