Амир Қароқулов, раҳбари Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон дар синни 72-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт.
Зиё Раҳмон, узви раёсати Ҳизби аграрии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 10-уми март, зимни тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки "устод Амир Қароқулов, соати 6 бомдоди имрӯз дар пайи бемории инсулт ё сактаи мағзӣ дар бемористони Қарияи Боло даргузашт."
Ба гуфтаи Зиё Раҳмон, Амир Қароқулов, муддати панҷ рӯзи ахир, дар бемористони Қарияи Боло дар ҳолати кумо ё беҳушӣ қарор дошт.
Амир Қароқулов дар таърихи 15 июли соли 1942 дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи зооветеринарии Сталинобод ва факултаи зоотехникии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар мақомҳои мухталифи ҳизбӣ ва давлатӣ, аз ҷумла котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳияи Турсунзода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, котиби аввали кумитаи Ҳизби коомунисти Файзобод адои вазифа намудааст.
Аз соли 1982 то кунун дар симати директори институти илмӣ- тадқиқотии чорводории Тоҷикистон ва ҳамзамон мудири шӯъбаи селексия ва технологияи говҳои сергӯшт ва қутоспарварии ҳамин муассиса фаъолият карда ва аз соли 2001 ба ин тараф ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон буд.
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳашт ҳизби сиёсии кишвар буда дар моҳи ноябри соли 2005 аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон расман сабти ном шуд ва Амир Қароқулов, ки он замон ноиби президенти акадамияи кишоварзии Тоҷикистон буд, раҳбари ин ҳизб баргузида шуд. Дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар 2006, Амир Қароқулов ба ҳайси номзад ба маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ин ҳизб иштирок кард.
Дар ноябри соли 2011 Анҷумани 4-уми Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҷаноби Қароқуловро берақиб ва барои боз панҷ соли дигар ба раҳбарии ин ҳизб баргузиданд.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҷумлаи он аҳзоби сиёсии кишвар аст, ки дар парлумони кишвар ду намоянда дорад ва ба гуфтаи мухолифони давлат, ҳизби ӯ низ ҳамкор ё шарики Ҳизби халқӣ-демократии ҳоким дар Тоҷикистон мебошад.
Мақомоти ин ҳизб мегӯяд, ки ҳизби онҳо танҳо дар доираи деҳқонон, камбизоатон, омӯзгорон нуфузи зиёд касб кардааст. Феълан мақомоти ҲАТ шумораи аъзои худро ба 29780 тан бароварда мекунанд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи мақомоти ин ҳизб, шумораи аъзои он дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2010 ба понздаҳ ҳазор мерасид.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои Зиё Раҳмон, узви раёсати ҳизби аграрии Тоҷикистон, маросими видоъ ва ҷанозаи Амир Қароқулов, соати 12: 00-и имрӯз, 10-уми март дар рустои Маҳмадшои Боло, ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ барпо мегардад.