Фармондеҳии Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон эълом доштааст, ки аз ҳисоби ихтиёриён 800 хидматчии ҳарбӣ қабул хоҳад кард. Сардори хадамоти матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, сарҳанг Ярослав Рошупкин ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҷалби 800 мард ва зане, ки хоҳиши хидмат дар пойгоҳи 201-ро доранд, шумораи умумии сарбозу афсарони онро зиёд нахоҳад кард, зеро ҳамин теъдод ҳарбиёни феълии пойгоҳ ихтисор хоҳанд шуд. Вай афзуд, дар навбати аввал ба онҳое бартарӣ дода мешавад, ки соҳиби ихтисосҳои снайперӣ, ронанда-механик, нишонгиранда, мутахассиси мушакандозӣ ва ҷосусӣ бошанд. Вай хотиррасон кард, ки камтарин дастмузд дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон 30 000 рубли русиро ташкил дода, хидматчиён бо манзили зист, сарулибос, ғизо ва 15 рӯзи истроҳат таъмин шуда, як соли хидмат дар Тоҷикистон се сол шумурда хоҳад шуд.