Давлати Покистон гуфтугӯ бо Толибонро аз сар гирифт

Бо вуҷуди ҳамлаҳои ахири Толибон ба нерӯҳои давлатӣ, ҳукумати Покистон музокироти сулҳ бо ин гурӯҳро аз сар гирифт. Намояндагони ду тараф рӯзи чаҳоршанбе 5 март дар шаҳри Акора Хаттак дар шимолуғарби Покистон гуфтугӯ карданд. Дар як баёнияи муштарак ду тараф гуфтанд, ки музокироти сулҳ ба марҳилаи “фавқуллода муҳим” ворид шудааст. Намояндаи ҳукумати Покистон гуфт, ки дар гуфтугуҳо ба пешрафтҳои қонеъкунанда ноил шудаанд. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон бо ҳадафи поён додан ба хунрезиҳо дар кишвараш бо Толибон музокиротро шурӯъ кард, вале гуфтугуҳо баъди он муттавақиф шуд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ моҳи гузашта 23 сарбози рабудаашонро куштанд. Охири ҳафтаи гузашта гурӯҳи Таҳрики Толибон гуфт, ки барои як моҳ созиши оташбас эълон мекунад.