Телевизиони «Сафина» ҳамроҳ бо телевизони «Тулӯъ» (Афғонистон) баргузории озмуни барои беҳтарин "сарояндаи сол" ва "клипи сол"-ро эълон карданд. Ҳабиба Даминова, продюссер ва муаллифи тарҳи фарҳангии озмуни «Ҷило» рӯзи 4 -уми март ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ин озмун дар соли равон мақоми байнамилалӣ гирифт ва акнун ҳамаи ҳунармандони форсизабонро фаро мегирад. Вай афзуд, ки имрӯз оғози озмуни фарҳангӣ аз тариқи «Сафина», «Азия плюс» ва телевизиони «Тулӯъ»(Афғонистон) эълон дошта хоҳад шуд ва то 31 март идома хоҳад кард. Доираи озмуни "Ҷило" фаротар буда, дар он ҷоиза барои "сарояндаи сол", "клипи сол", ҳамчунин "намоишномаи сол", "радиожурнали мусиқии сол" дода мешавад. Маросими супурдани ҷоизаҳои рӯзи 4 апрел баргузор мешавад, ки дар он овозхонони маъруфи Афғонистон Фарҳоди Дарё, Амирҷон Сабурӣ ва Ясмин Алидодова ҳамчун меҳмон ширкат хоҳанд кард.