Даниэл Бир-фиристодаи Амрико барои САҲА мегӯяд, ин ниҳоди аврупоӣ бояд ба таври фаврӣ гурӯҳи нозирони худро ба Украина бифиристад, зеро дар ин кишвар баъд аз вуруди нируҳои Русия ба Қрим вазъият муташанниҷ шудааст. Даниэл Бир ин нуктаро рӯзи душанбе зимни суханони худ дар ҷаласаи ин созмон дар Вена изҳор дошт.
Бир гуфт, ки гурӯҳи нозирон бояд ба вазъият назорат ва аз муноқиша пешгирӣ кунанд. Дар ин маврид дифоъ аз ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ, пешгирӣ аз муноқишаҳои марзӣ, эҳтиром ба тамомияти арзӣ, ҳифзи сулҳ ва суботу оромӣ дар минтақа дар назар аст.
Аз сӯи дигар, Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ дар Женев бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мулоқот мекунад. Дар ин мулоқот бӯҳрони Украина баррасӣ хоҳад шуд.
Рӯзи душанбе ҳамчунин вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел барои баррасии бӯҳрони Украина мулоқоти фаврӣ баргузор мекунанд.