Бонки Ҷаҳонӣ иддаои мақомоти ҷониби Узбакистонро рад кард, ки мегӯянд, тарҳи "CASA-1000" паёмадҳои манфӣ зистмуҳитӣ дорад.
Лора Так, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар номаи ҷавобӣ ба мақомоти Узбакистон, ки рӯзи панҷшанбе дар торнамои ин бонк нашр шуд, аз тарҳи CASA-1000 ҳимоят кард.
Номаи Бонки Ҷаҳонӣ посух ба дархости Галина Саидова, вазири иқтисоди Узбакистон аст, ки мегӯяд, сохтмони хати интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, мавсум ба CASA-1000 мувозинати энержиро дар минтақа вайрон мекунад ва Бонки ҷаҳонӣ бояд аз сармоягузории ин тарҳ даст кашад.
Лора Так дар посух ба дархости ҷониби Узбакистон гуфтааст, ки ташхиси ҳамаҷонибаи тарҳи CASA-1000 ҳанӯз дар соли 2011 ба поён расид ва натиҷааш ҳам ин буд, ки барномаи мазкур ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ надорад, "ташхиси мазкур давраи 20-сола (аз 2016 то 2035)-ро дар бар мегирад ва дар ин муддат ҳарду ҳам Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон дар ҳасли тобистон нерӯи кофӣ ва изофии барқи обӣ хоҳанд дошт, то бидуни афзудани тавоноиҳои нави тавлиди барқи обӣ ба Осиёи Ҷанубӣ содир кунанд."
Ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ Лора Так тарҳи CASA-1000-ро ба таври муфассал шарҳ дода, ҳамчунин гуфтааст, ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон аз тарафи Гуруҳи коршиносон мавриди омӯзиш қарор дорад. Аз ин ишора рӯшан мешавад, ки мақомоти давлатии Узбакистон тарҳи CASA-1000-ро ба сохтмони нерӯгоҳҳои нав дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бастагӣ дода, нигарониҳои худро аз ин барномаҳо ба тарҳи интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон бастагӣ додааст.
Таври маълум Узбакистон борҳост, аз сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст. Мақомоти Тошканд бар инанд, ки сохтмони иншооти мазкур маҷрои обро баУзбакистон коҳиш хоҳад дод. Ба ақидаи коршиносон, тарҳи CASA-1000 барои Узбакистон аз он лиҳоз низ нохушоянд аст, ки ин кишвар ҳам ба Афғонистон нерӯи барқ мефурӯшад ва ворид шудани ду кишвари дигар ба бозори барқи Осиёи Ҷанубӣ бо нерӯи барқи арзонтар ва зербиное бо сармоягузории ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ин бозорро танагтар хоҳад кард.
Баҳром Сироҷев, собиқ раҳбари ширкати «Барқи тоҷик» ва коршиноси арсаи энержӣ, ки бо тарҳи CASA-1000 ошноии хуб, дорад, дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ҳама талошҳои Узбакистон ба хотири аз даст надодани бозори энергияи барқ дар минтақа аст. Вай гуфт, «ҳамин барқеро, ки Қирғизистону Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон фурӯхтанист, дар вақташ Узбакистон аз мо мехарид. Ҳоло онҳо акнун ин барқро намехаранд ва мо ночор оби обанборҳоро беҳуда сар медиҳем. Узбакистон ҳоло барои бозори барқ талош дорад. Узбакистон як киловатт/соат барқро ба Афғонистон ҳоло ба қиммати 7 сент мефурӯшад. Барқи мо агар равад нархаш андаке арзонтар аст ва дар ин ҷо рақобат ба вуҷуд меояд».
Ҷаноби Сироҷев афзуд, иддаои Узбакистон дар мавриди он, ки гӯё бо сохтмони тарҳи CASA-1000 мувозинати гидроэнергетикӣ дар Осиёи Миёна ба ҳам мезанад, ҳеҷ асосе надорад: «Агар ин хати барқ сохта шавад, танҳо ҳамон обе ки ҳоло мо дар тобистон беҳуда сар медиҳем ҳамон тариқи трубина мегузарад. Ин ба маҷрои об ягон таъсир намерасонад. Баръакс мо обро беҳтар идора карда метавонем. Барои Узбекистон ин беҳтар мешавад. Онҳо инро мефаҳманд, нағз мефаҳманад, онҳоро танҳо аз даст додани бозори энергия ба ташвиш овардааст.»
Ба таъкиди ҷаноби Сироҷев, сабаби мухолифати Узбакистон ба тарҳи Роғун низ ин ҳамон тарси аз даст додани бозори энержӣ дар оянда аст на чизи дигар.
Ахиран Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захоири об гуфта буд, Тоҷикистон аз фурӯши барқи зиёдатиаш дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя тариқи хати CASA-1000 умеди зиёд дорад. Чунки Тоҷикистон танҳо дар соли 2013 аз обанборҳояш ба миқдори 4 миллиард киловатт соат нерӯи барқ обро бидуни фоида сар додааст ва арсаи энержии кишвар аз набуди бозори фурӯши барқ тақрибан 120 миллион доллар зарар дид.
Дар назар аст, баъд аз итмоми тарҳ, CASA-1000 ба Тоҷикистон ва Қир\изистон имконият диҳад, ки аз фурӯши иқтидори тобистонаи барқи изофӣ ба Афғонистон ва Покистон, даромад гиранд. Афғонистон аз ин лоиҳа ҳамчун истифодабарандаи барқ 300 мегават неруи барқ мегирад ва барқро ба Покистон интиқол медиҳад.
Покистон бошад, ба шабакаи миллии худ 1000 мегават барқи изофӣ дар фасли тобистон илова мекунад, вақте ки дар авҷи талаби баландтарин мебошад ва дастрасӣ ба нерӯи боъэтимод, тоза ва арзонро дорад. Ин дар ҳоле, ки гуфта мешавад, миллионҳо нафар нафар дар Покистон то ба ҳол хати барқ надоранд ва бо пайваст шудани онҳо ба хати барқ, эҳтиёҷи ин кишвар барқ бароварда мешавад.
Зимнан, барои татбиқи тарҳи хатти барқи CASA-1000, ки интиқоли барқи Қирғизистону Тоҷикистонро дар фасли тобистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад, тақрибан 1 миллиард доллар зарур аст. Агар ин хат дар байни чаҳор кишвар кашида шавад, солона метавонад то 1300 мегават барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон ва Афғонистон интиқол диҳад.