Максим Шевченко: “Сиёсати Русия бояд аз реша дигар шавад”

Таҳлилгари саршиноси Русия, шореҳи телевизион Максим Шевченко мегӯяд, Федерасюни Русия минбаъд бояд аз демократия, озодӣ ва ҳуқуқи инсон пуштибонӣ кунад.
Сиёсатшинос ва журналисти номдори Русия, узви Шӯрои ҷамъиятии ҳуқуқи башари назди раёсатҷумҳурии Русия, Максим Шевченко, мегӯяд, рӯйдодҳои Украина, аз ҷумла натиҷаи иштибоҳҳои Кремл низ ба шумор мераванд ва бархӯрди Русия ба кишварҳои Шӯравии собиқ ва мардумони он комилан иваз шавад. Эҳтироми инсон, демократия ва озодӣ бояд пойдевори муносибатҳои навро ташкил диҳад. Дар як гуфтугӯ бо ҷаноби Шевченко нахуст аз ӯ хостем, куллан бархӯрди Маскавро ба таҳаввулоти ахири Украина шарҳ диҳад:

Максим Шевченко: "Тавре мебинем, Владимир Путин [раисиҷумҳури Русия] хомӯш аст. Вай шахсан ба воқеаҳои Украина баҳо надод, аммо Вазорати корҳои хориҷии Русия як изҳороти ба таври кофӣ шадидуллаҳн дод ва аз хушунат дар саросари Украина, амалҳои ваҳшатафканӣ нисбати ҳизбҳои мухолиф, ки акнун аз Ҳизби минтақаҳо ва коммунист иборат аст ва ҳамчунин аз зӯроварӣ нисбати ниҳодҳое, ки қонунмандии давлатӣ доштанд, изҳори нигаронӣ кард. Ба назари ман, ин изҳорот ба андозаи кофӣ мавқеи Русияро бозгӯ мекунад. Русия ба рӯйдодҳои кишваре, ки бо он на танҳо пайвандҳои наздики иқтисодию сиёсӣ, балки ҳамчунин қавмӣ дорад, бо изтироб менигарад.



Дар Русия наздик ба 50 миллион нафаре зиндагӣ мекунанд, ки аслан аз Украина баромадаанд. Худи ман як намунаам. Ҳарчанд падарам зодаи Маскав аст ва худам низ дар Маскав таваллуд шудаам, номи хонаводагии ман украинист ва ҳамин гуна мо, даҳҳо миллион шаҳрванди Русия наметавонем Украинаро як давлати комилан бегона ҳисобем. Тақрибан ба ҳамон тарзе ки тоҷикони Тоҷикистон наметавонанд, ба сарнавишти тоҷикони Афғонистон бетафовут бошанд. Биноан, рӯйдодҳои Украина, ростчи гап, такон медиҳанд ва ба изтроб меоранд. Махсусан аз лиҳози ҳуқуқи инсон. Фикр мекунам, терроре, ки аз тарафи ҳукумати инқилобӣ, зӯроварии ошкоро, ки ба роҳи ҳалли низоъҳои сиёсӣ табдил меёбад ва рӯйдодҳои имрӯзи Қрим намунаи аёнии он аст, ки одами мусаллаҳ ба қаҳрамони асосии таърих бадал гаштааст."

Озодӣ: Хуб, дар ҳамаи инқилобҳо ҳамин гуна будааст, ба ёд орем соли 1917-ро. Аммо агар ба таърихчаи ин низоъ нигарем, ки чӣ гуна ин ҳама оғоз ёфт, Украина мехост, аҳдномаи ҳамбастагӣ бо Аврупоро имзо кунад, Русия 15 миллиард кӯмак ваъда кард ва ғайра ва ҳоказо. Натиҷа ин аст, ки мегӯянд, ончӣ рӯй дод дод, “шикасти азими геополиткӣ”-и Русия аст. Шумо ба ин баҳо розиед?

Максим Шевченко: "Вақте Шумо мегӯед, “Украина мехост, имзо кунад,” биёед, ҳақиқатбин шавем. Виктор Янукович президенти ба таври қонунӣ интихобшудаи Украина буд. Вай диктатор ё золим набуд. Вай бо ёрии силоҳ ба сари қудрат наомадааст. Қисми аксари аҳолӣ ба ӯ раъй дод. Оре, вай маҳбуб набуд. Хайр чӣ? Дар ҷаҳон ҳастанд президентҳое, ки дар кишварҳои худ маҳбуб нестанд, аз ҷумла дар ҳамон кишварҳои аврупоӣ низ. Ин чунин маъно нахоҳад дошт, ки ҳар президенти номаҳбубро бояд бо ёрии силоҳ сарнагун кард. Айни ҳамин хел Николай Азаров раҳбари ҳукумате буд, ки барояш аксарияти порлумон раъй дода буд. Биноан, аз рӯйи ростӣ, фаъолияти Виктор Янукович ва Николай Азаров фаъолияти ягон ғосиби қудрат ё диктатороне набуд, тавре ки ҳоло қаламдод мекунанд. Инҳо раҳбарони, бигзор номаҳбуб ва бигзор, начандон уҳдабаро, аммо ба таври қонунӣ интихобшуда буданд. Барои ҳамин қарори ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар дасти онҳо буд. Онҳо тасмим мегирифтанд. Мо мебинем, ки Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳи ташкили гирдиҳамоӣ дар кӯчаҳо, бо роҳи ташкили бетартибиҳои оммавӣ ба шароити дигари сиёсӣ даст ёфтанд. Натиҷа ин аст, ки Украина дар остонаи ҷанги шаҳрвандист. Аммо ин гуноҳи Виктор Янукович нест, ки, албатта, рафтори нодуруст кард ва дар ҷое аз нерӯи ҳарбӣ истифода кард, ки зарурати он ҳатмӣ набуд. Махсусан дар ибтидои рӯёрӯӣ. Ин гуноҳи намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва ИМА аст, ки ошкоро кишварро ба самти ҷанг таҳрик доданд. Барои ҳамн гуфтани ин ки Русия мехост ё намехост, ки Украина ба Иттиҳоди Аврупо наздик шавад, мо 15 миллиардро ба Украина барои он надодем, ки онро харем ё ба радди ҳамгироӣ ба Аврупо водор кунем. Ин барои кӯмак ба кившаре буд, ки дар остонаи варшикастагист. Ва ҳоло, ман фикр мекунам, ин остона убур шуд. Халқи Украина дар тӯли моҳҳои наздик на маош хоҳад гирифт, на нони хӯрдан хоҳад ёфт. Он ҷо гуруснагӣ хоҳад шуд. Хадамоти м анзилу коммуналӣ аз кор мемонад. Росташро гӯям, бо додани 15 миллиард, ба фарқ аз Иттиҳоди Аврупо, ки фақат ваъда медиҳаду бас, Русия хост, ба Украина дар сангинтарин давра ёрдам кунад. Ва чунин шарҳ, ки бо ин пул Русия хост, Украинаро ба худ ҷалб кунад, дар ячгон чаҳочӯба намегунҷад. Ба вижа ки Владимир Путин дар ин бобат пайваста бо сарвазири Олмон Ангела Меркел машварат мекард ва комилан рӯшан аст, ки Русия ва Олмон дар масъалаи Украина бархӯрди стратегии тақрибан ҳамсон доранд. Ҳам Русия ва ҳам Олмон як Украинаи ором ва устуворро мехоҳанд, зеро манфиатдоранд, ки гази Русия бе мушкил ба Аврупо расад, аз лӯлаҳои гази Украина."

Озодӣ: Ва акнун оё Русия ба Украина кӯмак хоҳад кард?

Максим Шевченко: "Ҳоло мо аслан намефаҳмем ба кӣ кӯмак кунем? Барои он ки ягон ниҳоди давлатӣ то ҳол қонунмандӣ надорад. Чӣ, ин 15 миллиард ба раҳбарони Майдон дода шавад? Ё ба Верховная Рада, ки имрӯз субҳ дидем, барои баъзе аз вакилон “долони шарм” сохтанд. Ё мехоҳанд, Ҳизби минтақаҳоро манъ кунанд. Ҳол он ки ба ин ҳизб беш аз 50 дарсади аҳолии Украина раъй додаанд. Онҳо мехоҳанд, Ҳизби коммунистро ҳам манъ кунанд. Порлумоне, ки як қисми вакилонаш бо истифода аз афроди мусаллаҳ қисми дигарро террор мекунад, метавонад, ҳокимияти комил шумурда шавад?"

Озодӣ: Ҳамзамон, Шумо таъкид кардед, ки Янукович президенти ба таври қонунӣ интихобшуда буд ва Верховная Рада ҳам порлумонест, ки ба таври қонунӣ интихоб шудааст.

Максим Шевченко: "Он то ҳодисаҳои имрӯза порлумоним ба таври қонунӣ интихобшуда буд, ба фикри ман. Вақте як қисми вакилон бо зӯроварӣ қисми дигари вакилонро рондан мехоҳад, манъ кардан мехоҳад ва вақте ки онҳо бо истифода аз ҳомиёни силоҳбадасти худ гапи худро мегузаронанд, ба назарам, порлумон қонунмандии худро аз даст медиҳад. Ҳукумат низ на вазъи сиёсӣ, на иқтисодӣ ё молиявиро назорат карда наметавонад ва ҳатто як қисми қаламрави кишвар зери назорати он нест. Хуб, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, соли 1993, бояд ба кӣ пул дода мешуд? Кӣ метавонист, ин маблағҳоро тавре тақсим кунад, ки ба дасти мардум дар Ғарм, Кӯлоб ё Қӯрғонтеппа расад ва он ҳам дар ҳоле ки дар тамоми кишвар қатлу куштор идома дошт?"

Озодӣ: Шумо аз Тоҷикистони соли 1992 ёд кардед. Он вақт Ҳукумати Муросои Миллӣ таъсис ёфта буд ва он ҳам мисли ин ки ҳоло дар Украина, аз тарафи Русия қонунманд шумурда нашуд ва Русия кӯмак кард, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат расад. Имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пасошӯравӣ рӯйдодҳои Украинаро бо изтироби зиёд дунбол мекунанд. Вале таъсири ин ҳаводис ба кишварҳои дигар чӣ хоҳад буд?

Максим Шевченко: "Иштибоҳи асосии Кремл чи нисбати Украина ва чи нисбати Тоҷикистон ин аст, ки Кремл на бо халқҳо, балки бо “агентҳои нуфуз”, яъне ҳокимон кор мекунад. Шумо комилан дуруст мегӯед, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Русияи Елстинӣ бо вазири корҳои хориҷияш Козирев, ки ҳоло корманди ширкати амрикоии дорусозист, на аз иттиҳоди демократӣ – демократҳо, ҳизби исломӣ, Бадахшон, балки аз онҳое ҳимоят кард, ки барояш шеваи кор бо онҳо фаҳмо буд – Фронти халқӣ. Аммо халқи Тоҷикистон сулҳро бо мадади Русия ба даст овард. Иштибоҳи Русия ин аст, ки бо одамони сарватманд ва бонуфузе кор мекунад, ки дар бисёре аз кишварҳо бо ғорати халқи худ машғуланд. Чӣ дар Украина, чӣ Тоҷикистон ё Ӯзбакистон. Ман фикр мекунам, чунин сиёсат наметавонад, ба фалокат табдил нашавад. Аз як тараф бойҳои Русия ба ин кишвар тоҷикон, ӯзбакҳо, қирғизҳо ва украинҳоро ҳамчун ғулом ҷалб мекунанд ва кор мефармоянд ва аз сӯи дигар бо ҳамин гуна одамони бой дар Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон ва кишварҳои дигар кор мекунанд."

Озодӣ: Оё ҳадс мезанед, ки рӯйдодҳои Украина мумкин аст, дар ин кишварҳое, ки ном бурдед, такрор шаванд?

Максим Шевченко: Ба ақидаи ман, ягон режими сахт наметавонад абадӣ бошад. Ман фикр мекунам, вақте раҳбарони ин кишварҳо ба хатте мерасанд, ки бояд ба Парвардигор ҷавоб диҳанд, намояндагони худи элитаи ҳоким ба тақсими мероси ӯ сар мекунанд ва дар чунин ҳолат бетартибиҳои оммавӣ ё тазоҳуроти созмонёфтаи хашми мардумӣ мумкин аст ба низоъ расонад. Албатта, ман инро барои онҳо орзу намекунам, чаро ки ҷанги хунину ваҳшатангези Тоҷикистон ба касе хурсандӣ наовардааст.

Озодӣ: Вале мо номаҳои зиёд мегирем, ки байни эътидол ва пешрафт, бисёриҳо пешрафтро интитхоб мекунанд, қатъи назар аз нархи он?

Максим Шевченко: "Ман ҳам пешрафтро интихоб мекунам. Ва ман фикр мекунам, сиёсати Русия дар фазои апосшӯравӣ бояд тағйир кунад. Мо бояд аз ҳимояти олигархҳо, диктаторон ва онҳое, ки бо ёрии пул, таблиғот ва зӯроварӣ ҳукумат меронанд, даст кашем. Ҳатто агар онҳо ҳамзамон зоҳири демократӣ нишон медиҳанд. Федерасюни Русия бояд аз демократия, озодӣ ва ҳуқуқи инсон пуштибонӣ кунад. Дар Украина, дар Тоҷикистон, дар Узбакистон, дар ҳама ҷо. Федерасюни Русия бояд на аз пайи манфиати ширкатҳои бузург шавад, ки, албатта, барояшон ҳамкорӣ бо диктаторон бартарӣ дорад. Федерасюни Русия бояд на аз ҳукумате ҳимоят кунад, ки барояш хуб аст, балки аз мардуми тоҷик. Ман дар маврид бо Шумо мутлақан ҳамфикрам, аммо гумон мекунам, дар ҷое ки мешавад, аз зӯроварӣ гурехт ва аз хун парҳез кард, беҳтар аст, рушдро таъмин намуд. Аммо боз ҳам мегӯям, ман тарафдори онам, ки сиёсати Русия нисбати ин кишварҳо акнун бояд нав шавад ва бояд бо мардум ҳамкор буд, на бо ҳукуматҳо."