Даргирии эътирозгарон дар Симферопол
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 26 феврал дар назди бинои парлумони Қрим тазоҳургарони русу тотор бо ҳам даргир шуданд. Ҳудуди 10 000 аз тоторҳои Қрим, ки аз якпорчагии Украина ҳимоят мекунанд, бо тақрибан 5 000 нафаре, ки тарафдори аз Украина ҷудо шудану ба Русия пайвастани Қрим буданд, ба ҳам дарафтоданд.