Ричард Ҳоугланд зимни сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ" Хуршеди Ҳамдам. 25.02.2014
Гуфтугӯи ихтисосии радиои "Озодӣ" бо Ричард Ҳоугланд, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ.
Ричард Ҳоугланд, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо як сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дошт ва дар ин муддат бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, музокиротеро анҷом дод. Хабарнигорони "Озодӣ" дар шаҳри Душанбе дар поёни сафари ҷаноби Ҳоугланд дар як гуфтугӯи ихтисосӣ нахуст аз натоиҷи дидору гуфтугӯҳои вай бо мақомоти Тоҷикистон пурсиданд.
Ричард Ҳоугланд: Сафари ман ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯҳо бо мақомоти Тоҷикистон хеле хуб сурат гирифт. Ман бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов. вазири корҳои хориҷӣ ва Абдусалом Қурбонов, вазири молия сӯҳбатҳо анҷом додам. Густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар меҳвари ин мулоқотҳо қарор дошт. Иҷрои тарҳи КАСА - 1000 аз масоили мавриди баҳс буд ва ин лоиҳа то андозае омода аст, аммо бояд корҳои дигаре дар ҷиҳати иҷрои он рӯи даст гирифта шавад.
Радиои Озодӣ: Албатта дар ин дидорҳо таваҷҷӯҳи зиёд ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва паёмадҳои хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон шудааст. Тоҷикистон дар ин раванд чӣ саҳме хоҳад дошт ва чӣ нафъе ё фоидае мегирад?
Ричард Ҳоугланд: Оре, то охири соли ҷорӣ, нерӯҳои НАТО бояд аз қаламрави Афғонистон берун шаванд. Аммо бояд инро таъкид кунам, ки ИМА аз ин минтақа ба таври комил ё тамоман берун нахоҳад шуд. Ҳамкориҳои ИМА бо тамоми кишварҳои минтақа, ба хусус Тоҷикистон идома хоҳад ёфт ва Тоҷикистон яке аз кишварҳои шарики хуби ИМА мебошад. Ба ин далел, ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амният дар марз, ҷилавгирӣ аз қоҷоқи маводи мухаддир ва ғайра бо Тоҷикистон минбаъд низ идома пайдо мекунад.
Радиои Озодӣ: Албатта нигарониҳо пас аз хуруҷи нируҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар заминаи таҳдид ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вуҷуд дорад ва дар ин замина кӯмаки бевоситаи ИМА ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Ричард Ҳоугланд: ИМА дар заминаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои ҳифзи марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон дорад ва ин ҳамкорӣ ба дунболи хуруҷи нируҳои марзбони Русия аз ин хати марз шуруъ гардиданд. ИМА барои таҳкиму ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмакҳои фанниеро ироа кардааст ва ҳамчунин дар ин самт Иттиҳодия Аврупо, кишварҳои дигари Ғарб ба Тоҷикистон кӯмак мерасонанд. Ҳар қадар ҳамкориҳо дар заминаи таҳким ва тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бештар бошад, ҳамон гуна ба манфиат аст.
Ричард Ҳоугланд: Ҳоло инро гуфтан зуд аст. Чун ҳам Тоҷикистон, ҳам ИМА ҳам дигар кишварҳо мунтиазири ташхиси байналмилалии ниругоҳи Роғун тавассути Бонки Ҷаҳонӣ ҳастанд. Пас аз анҷоми ташхис ва натиҷагирии он, ИМА тасими худро хоҳад гирифт.
Ричард Ҳоугланд: Ман ба ин суол бо як ҷавоби стандартии сафири амрикоӣ посух мегӯям. Мо ки ба ин ҳаводис дахолате надорем, шарҳе низ дода наметавонем. Аммо аз талафоти одамон дар ин ҳаводис ба шиддат нигаронем . Умевдорем, бӯҳрони Украина аз роҳи мусолиматомез ва аз тариқи мардуми ин икишвар ҳали хешро пайдо хоҳад кард.
Радиои Озодӣ: Аммо ҷаноби сафир, бархе доираҳо бар ин назаранд, ки "инқилоб" -е ки дар Украина сар зад, кори дасти Ғарб ва Амрикост?
Ричард Ҳоугланд: Дасти мо фақат ба он мерасад, ки ҳар ду тарафро ба мусолиҳа биорем ва онҳо сулҳ кунанд. Аммо онҳое иддао доранд, ки дар буҳрони Украина дасти Амрикост, асосе надорад.
Радиои Озодӣ: Яъне Шумо назаратон ин аст, ки "инқилоб" -и Украина, як инқилоби худҷӯш аз мардуми ин кишвар аст, бале? Ва метавонад ин ба дигар кишварҳо низ асар кунад?
. Ричард Ҳоугланд: Ҳар як давлат раванди таърихии худашро дорад ва аз марҳилаҳои гуногун мегузарад. Аммо ман ақидаи "инқилоби ранга" -ро қабул надорам. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар кишвар гуногун аст. Вазъи ин се шоҳаи муҳим ба он ҳадде мерасад, ки дар ниҳоят мардуми он кишвар мегӯянд, бас аст!