Ӯ 39 сол дошта, дар муддати даҳ сол то ба мартабаи мушовири аршади ширкати англисии Burberry баланд шудааст.
Ӯ 39 сол дошта, 10 соли охир дар Бритониё зиндагӣ мекунад. Соли 2004 бо дипломи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ихтисоси забони хориҷӣ барои омӯхтани забони бритониёии англисӣ ба Лондон омад ва дар ин муддат аз як ходими фурӯшгоҳи хурде ба мартабаи мушовири сатҳи VIP дар ширкати маъруфи Burberry баланд шуд.
Машҳура мегӯяд, ки орзуи ҳамешагии вай омӯхтани забони зиндаи бритониёии англисӣ буд ва ин орзу ӯро ҳамеша домангир будааст. Соли 1996 вай баъди хатми донишгоҳ оиладор шуд, муддате ҳамроҳ бо шавҳар ва ду фарзандаш – Сӯҳробу Рухшонаи 14 ва 15-сола дар Тошканд, дар маҳалли кори шавҳараш зиндагӣ кард. Аммо мақоми «Шахси бидуни шаҳрвандӣ» (шиносномаи «Фуқаросӣ эмас», ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ҳақи иқомаи доимиро фароҳам оварда, вале ҳақи кору фаъолиятро намедиҳад) ӯро азият мекард ва ниҳоят соли 2004 тасмим гирифта ба Лондон биравад.
- Ман ба як шаҳри гаронтарини ҷаҳон омадам ва бояд пул кор мекардам. Барои худам ҳамеша мегуфтам, ки ҷои кори ман набояд дар тарабхона ё ошпазхона бошад, аз ин рӯ, корро аз як фурӯшгоҳи хурди телефонҳо шурӯъ кардам, - мегӯяд Машҳура.
Вай ба ёд меорад, ки дар оғоз барои ҳар соати кориаш танҳо 3 фунт даромад ба даст меовард, ки ин хеле ночиз аст, вале ҳоло ӯ, ба унвони мутахассиси риштаи молфурӯшӣ даромади худро то 15 фунт дар як соат расондааст. Моҳи феврал, мегӯяд ӯ, бомуваффақият даври имтиҳони семоҳаро ба ҳайси мушовири аршад ё VIP-консултант дар ширкати англисии Burberry сипарӣ карда, дар вазифааш тасдиқ шудааст. Ҳоло ӯ дар бузургтарин фурӯшгоҳи ин ширкат дар маркази Лондон кор ва бо муштариёнаш ба забонҳои англисӣ, русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбакӣ муошират мекунад.
- Тафовути кори мушовири аршад ё VIP-консултант аз фурӯшандаи оддӣ дар ин аст, ки вай бояд шахсан худаш бо муштариёни баргузидаи ширкат музокира барпо кунад, ин бахши харидорҳо, одатан, аз пеш барои худ вақти мулоқотро таъйин мекунанд ва онҳо бояд аз кори ширкат қаноатманд бираванд.
Машҳура мегӯяд, ки ҳунари тиҷорат ва муомиларо шояд аз Тоҷикистон бо худ овардааст, чунки муоширату муомила дар ватани ӯ аз шеваи ғарбӣ тафовут дорад. Вай мегӯяд, аз кору зиндагиаш дар Лондон ва имкони амалисозии орзуву нақшаҳояш хеле хушнуд аст, ба хотири ин ки ҳеҷ гоҳ дар як ҷо қарор надорад ва пайваста дар паи ҷустуҷӯ, пешбурди ҳунар ва истеъдодаш аст.
- Вақте ман дар Лондон муқимӣ шудам, эҳсос кардам, ки нафаси озод гирифтам. Ман озодии шахсии худро барои амалисозии орзуҳоям амалан эҳсос кардам. Чунин эҳсос дар зодгоҳам, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва гузашта аз ин, дар Тошканд набуд. Барои ман хеле муҳим аст, ки ин ҷо одамон ҳамдигарро эҳтиром мекунанд, ба миллат, мазҳаб, намуди зоҳирии шумо касе кор надорад. Агар дар бораи бардоштҳоям аз ин 10 соли зиндагӣ бигӯям, ин, пеш аз ҳама эҳтиром ба қонунҳои Бритониё аст, ки дар ҷавоб ман чунин эҳтиромро нисбати худ эҳсос мекунам. Вақте ман омадам, як духтари соддаву зудбовар будам, ҳоло эҳсос мекунам, ки ба як шахсияти боиродаву кордон табдил шудам. Ин ҷо ҳам одамҳои хубу бад зиндагӣ мекунанд, вале дар талоши зиндагӣ кас набояд худро аз даст диҳад, - мегӯяд Машҳура.
Соле пеш ӯ ниҳоят фарзандонашро назди худ овард ва онҳоро барои таҳсил ба мактаби миёнаи Chelsea Academy дод. Мегӯяд, бачаҳо базудӣ ба шароити нав унс гирифтанд, забонро омӯхтанд ва ҳам соҳиби ёру дӯст шуданд, аммо ҳамеша таъкид мекунанд, ки ватанашон Тоҷикистон аст. Онҳо мегӯянд, ки муҳити хонаи бобоиашон, ки то омадан ба назди модар онҷо мезистанд, дигар аст.
Ҳоло Машҳура Рӯзибоева дар дил нақшаву ниятҳои наву зиёд дорад, мехоҳад, ки карйерааш пешрафт кунад. «Мушкилот ба сари ҳар кас ва дар ҳама ҷо меояд, кас бояд ки бо сари баланд онҳоро пушти сар кунад, нашиканад ва пеш равад» мегӯяд вай.