Раҳпаймоии мухолифини ҳукумати Украина сӯи бинои Верховная Рада дар Киев зери унвони “Ҳамлаи осоишта” ба задухӯрд бо кормандони милиса печид.
Зӯҳри рӯзи сешанбе, 18 феврал, издиҳоми чандҳазораи эътирозгарон аз Майдони Истиқлоли Киев сӯи бинои парлумон роҳ гирифт. Дар садри издиҳом вакилони Верховная Рада аз ҳизбҳои мухолифи "Озодӣ", "Баткившина" ва "УДАР" қарор доштанд, ба думболи онҳо аъзои дастаҳои худмудофеи Майдон бо сипару калтак дар даст ва кӯлоҳи оҳанин дар сар саф ороста буданд.
Баъд аз ним соат раҳпаймоён муҳосираи кормандони милисаро шикаста, яке аз мошинҳои онҳоро аз роҳ бартараф намуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, аз маркази Киев садои мушакпарронӣ ба гӯш мерасад. Гурӯҳи вокуниши сареъ “Беркут” ба имдоди милиса расид ва дифои бинои Верховная Радаро бар ӯҳда гирифт. Кормандони милиса аз тазоҳургарон талаб мекунанд, ки аз хушунат кор нагиранд ва қонунро вайрон накунанд.
Қарор буд, ки эътирозгарон дар канори бинои Верховная Рада мустақар шуда, аз вакилон қабули қарорҳои оҷил барои бурунрафти кишвар аз бӯҳрони сиёсиву иҷтимоӣ, бозгашт ба тарҳи қонуни соли 2004 ва муҷозоти муҷримон дар латукӯб ва шиканҷаи фаъолони мухолифинро талаб намоянд.
Эътирозҳо дар Киев моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шуданд ва баъд аз он густариш ёфтанд, ки ҳукумати Украина аз идомаи музокирот бо Брюссел дар робита ба ҳамгироии кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо сарпечӣ кард.