Рӯзномаи парлумони Аврупо “EP Today” дар матлабе таҳти унвони «Тоҷикистон: об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад» ба баррасии масоил ва чолишҳо бар сари об дар минтақаи Осиёи Миёна пардохтааст.
Матлабе, ки рӯзи 11 феврал дар “EP Today” нашр шуд, ба қалами Султон Раҳимов, муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон тааллуқ дорад ва муаллиф талош кардааст, ки дидгоҳҳои Тоҷикистон дар масоили баҳсталаби обиро рӯшан намояд.
Дар бахши аввали ин матлаб муаллиф ба захираҳои обӣ ба унвони сарвати умдаи ин кишвар ишора кардааст, чун Тоҷикистон мисли кишварҳои поёноб аз захираҳои дигари табиӣ бархӯрдор нест ва ҳамин аст, ки “набудани захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ дар ҳаҷми бузург ва истифодаи об ба сифати манбаи асосии тавлиди нерӯи барқ, дар баробари аҳамияти стратегии об барои таъмини нӯшокии аҳолӣ ва кишоварзӣ, Тоҷикистонро нисбати захираҳои об хеле ҳассос мегардонанд ва мутаносибан ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои обӣ дар тамоми сатҳҳо авлавияти баландтарин медиҳад.”
Дар бахши дигари ин мақола, захираҳои обӣ барои рушди устувори Тоҷикистон пур аз аҳамият хонда шудааст. Муаллиф мегӯяд, асоси захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва ҳаҷми умумии онҳо 845 км3 арзёбӣ мегардад. Теъдоди пиряхҳо дар ҷумҳурӣ ба беш аз 14509 адад мерасад ва масоҳати умумии яхбандии онҳо 11146 км2 аст. Тавассути қаламрави кишвар 947 дарё ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумии онҳо беш аз 28500 км аст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 80% маҷрои Амударё ва 1% маҷрои Сирдарё ташаккул меёбад. Дар маҷмӯъ ин 64 км3 дар як сол ташкил медиҳад, ки ба 55,4% аз маҷрои умумии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал баробар аст.
Муаллиф мегӯяд, ки “дар баробари манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, захираҳои обӣ таъсири манфӣ низ мегузоранд. Шароити вазнини ҷуғрофӣ кишварро нисбати чунин офатҳои табиӣ, ба монанди селу обхезӣ, ки то 25 маротиба ҳар даҳсола такрор меёбанд, ҳассос мегардонад. Дар солҳои махсусан сероб зиёни Тоҷикистон аз обхезию селҳо то садҳо миллион доллари ИМА мерасад. Танҳо зарари селҳо ва обхезиҳои соли 2010 беш аз 600 миллион доллари ИМА-ро ташкил доданд.”
Шакли аз ҳама авлавиятноки истифодаи об дар кишварро муаллиф, ин таъмини об ҳамчун нӯшокӣ ва бо мақсади беҳдошт хондааст, вале, аз рӯи аҳамият дар таъмини рушди иқтисодӣ ҳамаи шаклҳо ба гидроэнергетика таслим мешаванд.
Зеро иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. кВт/соат дар як сол арзёбӣ мегардад, ки се маротиба аз истеъмоли ҷории қувваи барқ аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст. Аз рӯи захираҳои эҳтимолии умумии гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Аз рӯи нишондодҳои нисбии иқтидори гидроэнергетикӣ дар як километри мукааби қаламрав (3696,9 ҳазор кВт/с дар як сол/км2) ва ба ҳар нафари аҳолӣ (65,9 ҳазор кВт/с дар як сол/нафар) кишвар мутаносибан якум ва дуюм ҷойро дар ҷаҳон дорост.
Дар бахши дигаре аз мақола муаллиф ба баррасии сиёсатҳои обии минтақавӣ ва глобалии Тоҷикистон пардохта ва мегӯяд, ки кишвараш аҳамияти ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя барои азхудкунии муассири онҳо ва истифода ба нафъи тамоми минтақаро дарк менамояд. Зеро ба назари муаллиф, дар Осиёи Марказӣ сулҳ, субот ва рушд пурра аз мавҷудияти захираҳои обӣ ва ҳамкории байнидавлатии дар сатҳи хуб бароҳмондашуда вобаста ҳастанд. Муаллиф дар ин росто аз ҷумла мегӯяд, бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон аз минтақаи баҳри Арал ва минтақаи бӯҳрони он дур ҷойгир аст, вале кишвараш ба талошҳои ҳамсоягони худ ҳамроҳ шудааст, то якҷоя ба таъсири ин офат муқовимат нишон диҳад.
Аз сӯи дигар, Тоҷикистон дар баробари ташкил додани қариб 60% маҷрои обии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал, ба таври васеъ бо ҳамсоягон захираҳои обиро тақсим мекунад. Ба қавли муаллиф, аз 64 км3 оби дар қаламрави кишвар ташаккулёбанда Тоҷикистон танҳо 10-11 км3-ро истифода мебарад, ки 10% аз маҷрои умумии ҳавзаро ташкил медиҳад. Ва ин дар он сурате, ки нишондиҳандаҳои нисбии кишвар аз рӯи ҳаҷми об ва масоҳати обёришаванда ба ҳар нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҳама паст ҳастанд.
Ба гуфтаи муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон, ҳамзамон бо дигар кишварҳои минтақа, ҳамасола ҳаҷми иловагии обро барои дастгирии низомҳои экологии минтақаи назди Арал ва Баҳри Арал ҷудо мекунад. Ҳамин тавр, дар солҳои 1992-2010 ба Баҳри Арал ва минтақаи назди Арал аз ҳисоби миёна 12,1 км3 об дар як сол ҷудо карда мешуд, ки чанде аз лимити солонаи Тоҷикистон зиёдтар аст.
Муаллиф дар бахши дигари ин мақола ба чолишҳои обии минтақавӣ пардохта ва тақсимоти обӣ дар Осиёи Миёнаро нобаробар медонад. Чун зиёда аз 80% захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал дар қаламрави ду кишвари болооб Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбад, ҳол он ки истеъмоли об (зиёда аз 85%) дар кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон сурат мегирад. Вале манфиатҳои кишварҳои болооб ва поёноб оид ба истифодабарии замони он мухолифат мекунад.
Чолиши дигар, ки нигаронии вижаро ба миён овардааст, ин тағйирёбии иқлим ва зиёдшавии аҳолӣ будааст, ки аз як тараф ба камшавии захираҳои обӣ ва аз тарафи дигар ба зиёдшавии истеъмоли об меоварад. Бо ишора ба тағйирёбии иқлим, муаллиф аз қавли мутахассисон мегӯяд, ки аз нимаи дуюми асри 20 сар карда, захираи пиряхҳо, ки маҷрои асосии дарёи ҳавзаи Амударёро ташкил медиҳанд, бо шиддати миёна 0,6-0,8% дар як сол аз рӯи масоҳати обшавӣ ва тақрибан 0,1% - аз рӯи ҳаҷми ях кам шуда истодаанд.
Ба назари муаллиф, "ин мушкилӣ бо зиёдшавии талабот ба об, бинобар зиёдшавии демографӣ торафт афзуда истодааст. Минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин масоил яке аз фаъолтарин мебошад. Аз соли 1960 то соли 2010 аҳолии минтақа зиёда аз се маротиба зиёд шудааст. То имрӯз зиёда аз 60 млн. нафар дар ин минтақа истиқомат менамоянд. Аён аст, ки зиёдшавии аҳолӣ ба зиёдшавии истеъмоли об меоварад. Тибқи баъзе ҳисобҳо то соли 2030 зиёдшавии истеъмоли об дар Осиёи Марказӣ 15-20% аз сатҳи ҳозира ташкил хоҳад дод. Агар камшавии маҷрои об бинобар тағйирёбии иқлим дар ин давра ба инобат гирифта шавад, пас вазъият бениҳоят хатарнок хоҳад шуд."
Муаллифи матлаб, ки ҳамзамон як масъули ҳукумати Тоҷикистон низ ҳаст, дар қисмати поёни мақолаи худ мегӯяд, ки кишвараш борҳо ба кишварҳои ҳамсояи манфиатдор дар бораи ҳамкорӣ дар асоси эҳтироми дуҷониба ва чандҷониба пешниҳод карда буд. Зеро ззхудкунии муштараки ин иқтидори бузург метавонист ба ҳалли комплексии мушкилоти зиёди муосир ва оянда дар Осиёи Марказӣ мусоидат расонад.
Пеш аз ҳама, ин таъмини амнияти обӣ ва таъмини бокафолати об барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои хушксолӣ тавассути сохтмони обанборҳо мебошад, ки метавон маҷрои дарёро дар давраи солҳои зиёд ва мавсимӣ танзим намуд. Ҳаҷмҳои танзимкунандаи амалкунандаи обанборҳои ҳавзаи дарёи Амударё барои танзими бисёрсолаи маҷро нокифоя ҳастанд, ки дар шароити вазъи нокомёби гидрологӣ метавонад ба талафоти зиёд дар заминдории обёришаванда оварда расонад.
Аз ҷумла муаллиф ба хушксолии солҳои 2000-2001 ишора кардааст, ки дар натиҷаи он дар поёноби Амударё қариб 500 ҳазор ҳектор заминҳои обёришаванда аз гардиш монданд ва ба иқтисоди ин кишварҳо зиёни бузург расид. Ва ҳоло барои ба кор даровардани онҳо якчанд соли дигар лозим аст. Ба назари муаллиф, ин талафотро метавонистанд пешгирӣ кунанд, агар дар он ҳолат дар ҳавзаи Амударё ҳаҷми кофии обанборҳо барои танзими бисёрсолаи маҷро вуҷуд медошт.
Дар ҳамин росто муаллиф мегӯяд, ки “барои ҳавзаи Амударё мӯҳлати ба кор андохтани обанбори Роғун аҳамияти калон дорад, чунки оғоз аз аллакай соли 1986 талаботи истеъмолгарони об ба маҷрои Амударё аз имкониятҳои танзими мавсимии он дар солҳои камобӣ зиёдтар мешаванд. Аз ин лиҳоз, давраи рушди хоҷагии оби ҳавза то ба истифода додани обанбори Роғун метавонад дар сурати тавъамшавии номусоиди солҳои камобӣ муташанниҷ шавад” – аҳамияти анҷоми ҳарчи зудтари сохтмони обанбори Роғун дар нақшаи КИОВР Амударё чунин шарҳ дода шудааст.
Дуюм, азхудкунии иқтидори бойи гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таъмини минтақа бо қувваи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекард.
Сеюм, азхудкунии захираҳои гидроэнергетикӣ инчунин ба ихтисори калони партовҳои газҳои ангидриди карбон ба фазо мусоидат менамояд. Ҳоло қисмати сӯзишвории органикӣ дар сохтори тавозуни умумиминтақавии сӯзишворию энергетикӣ беш аз 90% ташкил медиҳад. Возеҳан, дар ин ҳолат ба фазо ҳаҷми бузурги газҳои ангидриди карбон партофта мешаванд.
Чорум, тавлиди қувваи барқи обии арзон ба сарфакории бузурги захираҳои нафт, газ ва ангишт мусоидат хоҳад кард, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои минтақа барои истеҳсоли қувваи барқ хеле самаранок истифода мегарданд. Ҳамин тавр, гидроэнергетика ҳамчунин аз ҷиҳати истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар дурнамо муҳим аст.
Панҷум, обанборҳои гидроузелҳо ба пешгирии чунин зуҳуроти экстремалии гидрометеорологӣ ба монанди хушксолӣ, боришот, селҳо ва обхезиҳо, ки ҳамасола ба иқтисоди қариб ҳамаи кишварҳои минтақа зарари бузург мерасонанд, мусоидат мекунанд.