Сомонӣ 3 дарсад арзиши худро гум кард

Дар шаҳри Душанбе марказҳои табодули сомонӣ бо пулҳои хориҷӣ фурӯши долларро қатъ кардаанд. Аз рӯзи сешанбе ба ин сӯ сомонӣ- пули миллии Тоҷикистон 3 дарсад арзиши худро дар баробари доллар гум кардааст.
Масалан, рӯзи душанбе арзиши доллар ба 4,8 сомонӣ баробар буд, вале рӯзи ҷумъа арзиши як доллар ба 5 сомонӣ расид.

Бонки Миллии Тоҷикистон эълон кард, ки боло рафтани арзиши доллар дар Тоҷикистон бо поин бурдани арзиши танга-пули миллии Қазоқистон иртибот дорад.
Мақомоти Бонки марказии Қирғизистони ҳамсоя эълон карданд, ки барои ҳимоят аз суботи пули миллии худ 27 миллион доллар ихтисос хоҳанд дод, то пули миллиашон беарзиш нашавад.