Дастури Назарбоев барои ҳимоят аз арзиши танга

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба ҳукумат ва Бонки Марказии кишвараш дастур дод, ки 1 триллион танга баробар бо 5,4 миллиард доллар аз Бунёди Миллӣ барои ҳимоят аз рушди иқтисодии кишвар ҷудо кунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамин ҳафта арзиши танга ё тенге-пули миллии ин кишвар 19 дарсад поин рафт. Бунёди Миллӣ даромадҳои раҳовардӣ аз содироти нефтро ҷамъ мекунад.

Назарбоев дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи ҷумъа дастур дод, ки ба болоравии нархҳо иҷоза надиҳанд ва дастмузди коргарони ширкатҳои давлатӣ 10 дарсад боло бурда шавад.

Назарбоев ба кобинаи худ ҳушдор дод, ки агар онҳо Қазоқистонро “ба биҳишти сармоягузорон табдил надиҳанд, аъзои кобинаро тағир хоҳад дод”.

Поин бурдани арзиши танга дар ин кишвар нигарониҳо ба бор овард. Рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе дар Алмаато даҳҳо нафар раҳпаймоӣ анҷом доданд ва истеъфои раиси Бонки Марказиро тақозо карданд.