Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо раиси ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон, ноиби сарвазири ин кишвар Тоқон Мамитов.
Рӯзи 14-уми феврал дар қароргоҳи давлатии Ало Арчаи Қирғизистон дар Бишкеке даври нави гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш ҳайати Тоҷикистонро ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон сарварӣ мекунад. Интизор меравад, ки тарафҳо вазъиятеро баррасӣ хоҳанд кард, ки пас аз тирандозии рӯзи 11-уми январ дар марзи муштарак ба миён омада, сабаби баста шудани марзи Қирғизистон гардид. Ҳайати Қирғизистон дар ин гуфтушунид ноиби сарвазири ин кишвар Тоқон Мамитов раҳбарӣ мекунад. Дар арафаи гуфтугӯҳои Бишкек ҷаноби Мамитов дар як суҳбати телефонӣ ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух дод.
Озодӣ: Мавзӯъҳои асосии гуфтушуниди 14 феврал кадомҳоянд? Барои намуна, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар Душанбе гуфт, ки яке аз масъалаҳои имзои созишномаи истифодаи муштараки роҳҳои наздимарзист. Шумо чӣ мегӯед?
Мамитов: Ба ман дар ин бора чизе маълум нест. Ягон хел санад аз онҳо ба мо нарасидааст. Ман намедонам, сухан аз чӣ хоҳад рафт. Онҳо дар роҳанд, вале ман ҳанӯз пешниҳодҳои онҳоро намедонам.
Озодӣ: Дар мусоҳибаи охирини худ Шумо пойфишорӣ кардаед, ки роҳи нав дар қаламрави Қирғизистон сохта мешавад ва ҳамагӣ 7 сотихи 8 километри он баҳсталабанд.
Мамитов: Ин тарафи тоҷикон аст, ки рад мекунад. Ман намегӯям, ки қитъа баҳсталаб аст. Ин қитъа ба шаҳрванди собиқи мо тааллуқ дорад, оилаи ӯ, фарзандонаш ҳарчанд тоҷиканд, шаҳрванди Қирғизистонанд ва аз он кӯмакҳои иҷтимоӣ мегиранд.
Озодӣ: Гуфта мешуд, ки барои ҳалли мушкил мақомоти тоҷик табодули қаламравҳоро пешниҳод карданд. Бино ба бархе маълумот, Душанбе аз Бишкек мехоҳад, ки барои пайваст шудани Ворух ба Суғд қитъаеро диҳад ва дар иваз қитъаеро гирад, ҳамин тавр аст?
Мамитов: Ман фикр мекунам, ин фарзия ҳаққи мавҷудият надорад, зеро ба воқеият ҷавобгӯ нест. Ин гуна пешниҳодҳо нашудааст.
Озодӣ: Баҳои Шумо ба рӯзномаи гуфтушуниди фардо чист?
Мамитов: Ман намедонам, онҳо чӣ пешниҳодҳое хоҳанд кард.
Озодӣ: Дар таҳқиқи тирандозии 11 январ ба кадом хулоса расидед?
Мамитов: Тарафи Тоҷикистое пешниҳод кард, ки ин масъала пас аз анҷоми таҳқиқ баррасӣ шавад ва таҳқиқ ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Озодӣ: Манобеи мо мегӯянд, тарафи Қирғизистон иқрор кард, ки тирандозӣ дар ҳудуди Тоҷикистон рӯй додааст.
Мамитов: Ин номумкин аст. Манобеи Шумо мехоҳанд Шуморо раҳгум занонанд.
Озодӣ: Дар матбуот, аз ҷумла нашрияҳои Тоҷикистон ақидае рӯ зад, ки сиёсатмадороне мисли Шумо барои ангехтани норозигии мардуми худ маъракасозӣ мекунанд. Шумо дар ин бора дар арафаи интихоботи порлумонии Қирғизистон чӣ гуфта метавонед?
Мамитов: Чунин мешуморам, ки ин гуна баёнияҳо аҳмақона, бемаъулиятона буда, ба виҷдони тарафи тоҷик ҳавола аст.
Озодӣ: Тоҷикон одатан дар муносибати худ бо қирғизҳо ҳамеша аз эҳтиром кор мегиранд ва ин нукта ҳам дар сатҳи олии қудрат ва дар сатҳи афкори ҷамъиятӣ таъкид мешавад. Ҳоло мегӯянд, вазъи нав танҳо ба манфиати сиёсатмадорон аст, на мардум.
Мамитов: Аввалан, ба дӯстони хуби худ аз пушт ханҷар намезананд, ба тахтапушт тир намепаронанд.
Озодӣ: Манзуратон чист?
Мамитов: Тирандозӣ бо истифода аз миномету мушакандоз ба қаламрави Қирғизистон. “Спетсназ” меояд ва зидди марзбонони қирғиз аз силоҳ истифода мекунад. Магар дӯст чунин рафтор мекунад?
Озодӣ: Эҳтимол, тоҷикон ҳам айни чизро мегӯянд.
Мамитов: Онҳо ин чизро гуфта наметавонанд, зеро худашон медонанд, ки чӣ шуд
Озодӣ: Вале Шумо ояндаи муносибатҳои ду тарафро чӣ гуна мебинед? Ҳоло марз баста аст ва дар набати аввал мардуми деҳоти ду тараф, ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо зарар мебинанд. Роҳи ҳал чист?
Мамитов: Ин вазъиятро Қирғизистон насохтааст. Тарафи Тоҷикистон сохт, бигзор акнун худаш ҷавоб диҳад. Агар пешниҳодҳои оқилона шавад, мо қабул мекунем. Вале аз чунин баёнияҳои бемасъулиятона ҳаргиз пуштибонӣ намекунем.
Озодӣ: Ҳамчун ноиби сарвазири Қирғизистон ояндаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Аз ин ҳамкорӣ чӣ ҳадафҳо доред?
Мамитов: Қирғизистон ҳамеша ба муносибатҳои худ бо ҳамсоягонаш баҳои баланд медод, фарқ надорад, қазоқҳо ё тоҷикҳо. Ва ҳаргиз интизори зарба аз қафоро надошт. Ман ҳатто дар гӯшаи хаёлам намегузашт, ки кишвари маро бародарони тоҷик аз миномет мезананд.
Озодӣ: Ба Шумо чунин наметобад, ки дар ин суханони Шумо бештар сиёсат ҳаст, то хоҳиши ҳалли мушкиил?
Мамитов: Ман чизеро мегӯям, ки халқи ман ба ман мегӯяд.
Озодӣ: Вале, медонед, аксари журналистон мегӯянд, ки афзоиши шиддат дар байни ду кишвар маҳз дар давраи раҳбарии Атамбаев ва бо ҳузури Шумо рӯй медиҳад.
Мамитов: Ман чунин ҷавоб медиҳам, ки ин вазъиятро мо насохтаем. Ман мехоҳам, боз ба ҳодисаҳои 11 январ баргардам. Мо бо мушакандозу миномет касеро напарондаем, ба сӯи марзбонон тир накушодаем. Моро паронданд, қаламрави моро, марзбонони моро, сарбанди моро. Ва тарафи тоҷик қабул кард, ки ин қаламрави Қирғизистон аст. Ҳамаи далелҳои шаъйӣ ва ҳуҷҷатҳоро мо ба онҳо пешкаш кардем. Ин як. Дуюм, мо ин вазъиятро насохтаем. Аммо ҳоло кӯшиш мешавад, ки айбро ба гардани мо зананд ва ин аҳмақона ва бемасъулиятона аст. Ба ҷои он ки роҳҳои ҳалли мушкилро ҷӯянд, нерӯи зиёди ҳарбиро дар сарҳад ҷамъ мекунанд, одамонро ҷамъ мекунанд ва ҳамзамон таъкид мекунанд, ки дигар дар он юҷо нерӯ надоранд. Магар бародарон ва ҳамсоягон чунин рафтор мекунанд?
Озодӣ: Яъне нерӯҳо бароварда нашудаанд?
Мамитов: Қирғизистон нерӯҳои худро пурра баровард, ҳол он ки мо панҷ баробар камтар будем. Тоҷикистон қисман.
Озодӣ: Гуфта мешавад, мушкил ба он бастагӣ дорад, ки ду тараф ба харитаҳои солҳои гуногун такия мекунанд. Магар чунин нест?
Мамитов: Барои Қирғизистон, албатта, харитаҳои 1957-1959 асоси коранд. Ман мехоҳам, битгӯям, ки дар соли 1925 на Тоҷикистон вуҷуд дошт ва на Қирғизистон.
Озодӣ: Тоҷикистон ҳанӯз соли 1924 таъсис ёфта буд.
Мамитов: Мебахшед, он вақт Тоҷикистон дар ҳайати РСС Ӯзбакистон буд ва Қирғизистон дар ҳайати Русия. Он вақт марзбандии миллӣ-ҳудудӣ то ба охир расонда нашуда буд. Барои ҳамин масъала дар солҳои 1957-59 дубора бардошта шуд. Агар ҳалшуда мебуд, дар солҳои 1957-59 дигарбора ба миён намеомад.
Озодӣ: Ба ин тартиб, тарафи Тоҷикистон аз мавқеи худ дифоъ хоҳад кард ва Шумо ҳам аз мавқеи худ. Бардошти умумӣ ин аст, ки ду тараф манфиати ҳамдигарро эътироф намекунанд ва дар натиҷа вориди бунбаст мешаванд. Низоъҳои декабр ва январ нишон дод, ки низои ҳарбӣ ҳам имконпазир аст. Ба назари Шумо, ин имконият ҷой дорад?
Мамитов: Аввалин чизе ки ман мехоҳам, бигӯям, ин аст, ки Қирғизистон ҳаргиз ба касе таҳдид накардааст ва намекунад ва нахоҳад кард, ягон иғвои ҳарбӣ нахоҳад кард ва ба ҳамсоягонаш тир нахоҳад кушод. Ҳаргиз. Бояд пеш аз ҳама инро дар назар дошт. Қирғизистон ҳамеша тарафдори ҳалли осоишта аст. Ва дар ҳамаи гуфтушунидҳо Қирғизистон аз ҳалли барои ҳарду тараф боманфиат ҳимоят мекард. Эҳтироми дутарафа. Қирғизистон ҳамеша ба он такия мекунад, ки мо – халқҳои қадимӣ, Парвардигор моро ҳамсоя ва бародар кард, мо як дин дорем ва тавре ки дар Шарқ мегӯянд, “бозору мазорамон як аст”. Барои ҳамин Қирғизистон ҳамеша аз ин усул истифода мекунад. Аммо вақте ки ҳар лаҳза ба мо “ту” мегӯянд, ба мо гӯш намедиҳанд ва манфиатҳои дуҷонибаро фикр намекунанд... Ман ҳатто оҳанги таассуфро аз воқеае, ки сар зад, нашунидам.
Озодӣ: Аммо Шумо, ҳамчун намояндаи ҳукумати Қирғизистон аз воқеае, ки сар зад, афсӯс мехӯред?
Мамитов: Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки дар байни ду халқи бародар чунини ҳол ба миён афтод. Ман бисёр афсӯс мехӯрам.
Озодӣ: Ба назари худатон, Шумо корҳое мекунед, ки муносибатҳои байни ду кишварро ба ҳолати одӣ баргардонед?
Мамитов: Маҳз ҳайати Қирғизистон, ба назари ман, беш аз ҳама ба ин талош дорад.
Озодӣ: Ба ин фикр ҳастед, ки ҷануби Қирғизистон зиёд мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумати марказӣ нест?
Мамитов: Не, ман чунин намешуморам. Амалан, ман бештари вақти худро дар ин ҷо мегузаронам. Бале, доираҳои муайяне ҳастанд, аз ҷумла дар хориҷ, ки мехоҳанд, кишвари моро аввал ду, сипас, чаҳор тақсим кунанд... Вале муваффақ намешаванд.
Озодӣ: Худо хоҳад. Аз лаҳни Шумо бармеояд, ки ҳамоно озурда ҳастед ва бахшидан намехоҳед, аммо умедворем, ақли солим тарафҳоро ба ҳалли барои ҳарду тараф муносиб расонад.
Мамитов: Ман фикр мекунам, Шумо хато мекунед, ки дар ин ҷо ягон ранҷиши шахсӣ рол мебозад. Дар ин ҷо набояд ягон чизи шахсӣ бошад. Вақте масъалаи давлат, мамлакат дар миён аст, ягон чизи шахсӣ ин ҷо буда наметавонад.