Қалён ё чилимкашӣ, ки дар баъзе кишварҳои дунё чизи нав нест, ҳамакнун дар Тоҷикистон маъмулӣ мешавад ва ахиран истеъмол ва ё ба истилоҳ "дуд додани он" миёни ҷавонони тоҷик як навъ мӯд шудааст.
Ғолибан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дида мешавад, ки ҷавонон аксҳои худро ҳангоми дуд додани чилим дар сафҳаҳояшон гузоштаву бо ин як навъ ифтихор ҳам мекунанд. Тавре ба назар мерасад, чилим ё қалёнро ғолибан ҷавонон аз оилаҳои доро истифода мекунад.
Собирҷон Каримов як ҷавони тоҷик, ки ба қавле мазаи чилимро чашидааст, мегӯяд, пас аз тарки сигор ва осон сипари кардани ин марҳила, бо тавсияи дӯстон ба чилимкашӣ сар кард: “Ман шахсан баъзан чилим мекашидам, аз чилими омехтаи тамоку бо шир, ки 180 сомонӣ нарх дорад, сар кардам. Бори аввал рости чандон мазаашро ҳам нафаҳмидам, кашидани чилим бароям камтар мушкил шуд, сарам дард мекарду чарх мезад. Гумон кардам, ки бо тамоку маводи нашъадор омехта кардаанд. Аммо хушбахтона маълум шуд, ки фишорам паст шуда будааст. Маҷбур шудам қаҳва нӯшам боз. Вале бо ин бас накардам. Ва чанд бори дигар ҳам таҷриба кардам боз. Намедонам як навъ одат барин шуд.”
Бархе мисли Собирҷон барои тарки одатҳои бад аз ҷумла сигору нос, бархеи дигар фақат аз рӯйи ҳавову ҳавас ва фароғати яклаҳзаина, ба чилимкашӣ рӯ меоранд. Дар Душанбе ҳоло аксар тарабхонаву қаҳвахонаҳои сермуштарӣ нуқтаи махсусӣ чилимкашӣ доранд. Чилим ин як ҷиҳозест, ки тавассути он омехтаи тамоку ва чанд навъи гиёҳу нӯшокиҳои спиртӣ ва маводҳои хушбӯкунанда истифода бурда мешавад. Гуфта мешавад, дуди чилим ба инсон ҳиссиёти форам ва табъи болида бахшида, одамро сергапу серҳаракат мекунад. Дар тарабхонаҳои Тоҷикистон ҳам навъҳои мухталифи чилим пешниҳоди муштариён мешаванд ва вобаста ба навъҳои он нархаш муайян мешудааст. Чилими обӣ нисбатан арзону дастрас будааст. Аммо дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон истифодаи якмаротибаина аз чилим аз 30 сомонӣ шурӯъ шудаву то 200-300 сомонӣ мерасад.
Як корманди тарабхонаи “Қанд” дар сӯҳбат бо мо гуфт, ғолибан муштариёни онҳо дар рӯзҳои ҷашну тӯй ва ё барои хушгузаронии вақти худ чилим мекашанд. Чилимтайёркуни қаҳвахонаи дигари шаҳр, дар ин маврид гуфт, ғолибан муштариёни онҳо афроди табақаҳои дорои кишваранд, ки пас аз зуҳр барои дуд додани чилим меоянд, ва то нисфи шаб онҷо истироҳат мекунанд: “Чанд навъи чилим дар тарабхонаи мо омода карда мешавад. Масалан, бо об, шир, вино, пиво, мевагӣ ва ғайра. Аз ҳама арзонаш бо об тайёр мешавад, ки барои як маротиба истифода 80 сомонӣ арзиш дорад. Омода кардани он бо маҳсулоти дигар нархаш гаронтар мешавад, масалан то 200 сомонӣ. Агар нафари истеъмокунанда хуб истифода барад то чор соат давом мекунад, лекин чилимро дар тарабхонаи мо он қадар зиёд истифода намебаранд”.
Ба фарқ аз сигор, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дуд додани он манъ аст, роҷеъ ба чилимкашӣ дар Тоҷикистон то ба ҳол ягон дастуру қонуне содир нашудааст. Ба ақидаи худи ҷавонон, зарари чилим назар ба сигор камтар аст. Аксар мутахассисони соҳаи тибби тоҷик, роҷеъ ба чилим маълумоти кофӣ ва дақиқу амиқе рӯйи даст надоранд ва мегӯянд, то ба ҳол нафаре ба онҳо аз зиёнҳои он шикоят набурдааст.
Аммо Наимҷон Маликов, равоншиноси Маркази ҷумҳуриявии клиники наркологӣ мегӯяд, ин ҳам як навъи тамоку аст, ки албатта ба солимии инсон бетаъсир намемонад: “Фаромӯш набояд кард, ки дар дохили тамоку маводҳои зараровар аз қабили никотин вуҷуд доранд, ки зарашро ба инсон хоҳанд расонд. Хосатан дуд вақте бо роҳҳои нафас ба шуш ворид мешавад, ба авҷгирии бемориҳои саратони вазнини табобатнашаванда бурда мерасонад. Гарчанде шахс ҳангоми истифодаи он лаззатиу истироҳати кӯтоҳмуддат мебарад, аммо ба муҷарради ба интиҳо расонидани он, ба ҳолати рӯҳиву равонияш, низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба майнаи сари одам, умуман системаи асаб таъсири манфии равонӣ мерасонад, на таъсири физикӣ. Ҳангоми кашидани чилим, гулӯи одам ба сӯзиш медарояд, ки ин маълум мекунад, полиш ё ҳамон филтер никотин ва маводи заҳрогинро хуб тоза карда наметавонад.”
Аммо Наврӯз Ҷаъфаров, ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бартарии чилим ба фарқ аз сигору нос дар он аст, ки он одамро мӯътод намекунад. Оқои Ҷаъфаров мегӯяд “кашидани чилим шайъи одатӣ нест, одам хоҳад мекашад, нахоҳад тарк мекунад. ”
Аммо Собирҷон Каримов ҳамсӯҳбати ҷавони мо аз таҷрибаи худ мегӯяд, кашидани чилим барояш қариб одат шуда буд ва ба гуфтаи ӯ ҳар нафаре, ки як маротиба аз он истифода бурдааст, дигарбора мехоҳад аз он истифода барад. Ӯ мегӯяд: “Аз ҳама бадаш ин аст, ки инсон ба кашидани он одат ҳам мекунад. Ҳоло ман кӯшиш дорам дигар аз чилим ҳам истифода накунам, чун зарарҳои онро эҳсос намудам. Аз таҷрибаи шахсии худам гуфта метавонам, ки агар чилимро ба монанди сигор ҳаррӯз даҳ маротиба истифода барем, бе ягон шак зарарҳояш аз зарарҳои сигор дида зиёдтар мегардад, ҳатто имкон дорад, ки инсонро ба ҳалокат расонад. Дигар ин ки кашидани якбори он аз 1 соат то 4 соат давом мекунад, ки ин зоеъ сохтани вақт аст ва аз зарарҳои маънавии он ба ҳисоб меравад.”
Бояд гуфт, қалён ё чилим тақрибан дар ҳама давлатҳои арабӣ ва кишварҳои Ҳиндустон, Туркия, дар қатори нӯшокиҳо ва кашиданиҳои муқаррарӣ қарор дорад. Аммо ба гуфтаи муттахассисони соҳаи тиб, дар робита ба қалён дар Тоҷикистон, ягон пажӯҳише бурда нашудааст ва муайян ҳам нест, ки чӣ теъдод аз сокинони кишвар аз ин мавод истифода мебаранд. Вале ахиран дар Қазоқистон як пажӯҳиш муайян кардааст, ки шумори ҳаводорони қалён дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Мутахассион қалёнро навъи ҷадиди эпидемия дар Қазоқистон номидаанд. Ва пешниҳодҳое ҳам ба вакилони парлумони ин кишвар барои комилан манъ кардани муомилоти тамоку барои қалён ироа шудааст.