Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки беш аз ҳазор нафар дар кофтуков қарор доранд, ки онҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҷустуҷӯ мешаванд.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳозир беш аз 1000 нафар шаҳрвандони кишвар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Аммо ҷаноби Салимзода аз фарди муайяне ном набурд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Шарофиддин Гадоев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро ҳамчун муассис ва мудири кулли ширкати саёҳии «Голд Тур Транс» муаррифӣ кардааст, дар саҳифаи интернетии худ хабар дода буд, ки ӯро кормандони "Интерпол" бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Испания боздошт кардаанд. Ба навиштаи ӯ, феълан як додгоҳи маҳаллӣ дар шаҳри Мадрид парвандаи ӯро мавриди баррасӣ қарор додаст.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз изҳори назар дар иртибот ба қазияи Шарофиддин Гадоев, ки иддао дорад бо дархости мақоми тоҷик аз сӯи «Интерпол» дар Испания боздошт шудааст, худдорӣ кард. Вале гуфт, ҳар вақте ки Шарофиддин Гадоев ба кишвар оварда шуд, баъдан дар бораи вай изҳори назар хоҳад кард.
Ба навиштаи Гадоев, ӯро бо вуҷуди доштани ҳуҷҷатҳо дар хусуси паноҳгоҳи сиёсӣ, кормандони пулиси Мадрид рӯзи 2-уми феврали соли равон боздошт кардаанд. Собиқ муассис ва мудири кулли ширкати саёҳии «Голд Тур Транс»-и Тоҷикистон мегӯяд, ки вай бо ҷурми напардохтани боҷи гумрукӣ ҳангоми интиқоли 30 мошини хориҷӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби "Интерпол" айбдор дониста шудааст. Аммо ҷаноби Гадоев зикр мекунад, ки ҳангоми ворид кардани ин 30 мошин, боҷи гумрукиро дар доираи қонунҳои ҷории Тоҷикистон пардохт кардааст ва ин амалро як корманди ширкати «Голд Тур Транс» анҷом додааст.
Аз ҷумлаи ашхосе, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҷустӯҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, аз Умаралӣ Қувватов, Абдулмалик Абдуллоҷонов, Хӯҷа Каримов ва дигарон ном бурда мешавад.
Салимзода дар бораи Умедҷон Тоҷиев
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон аз фавти Умедҷон Тоҷиев дар муассисаи тафтишотӣ изҳори таассуф кард. Шерхон Салимзода дар ин робита гуфт, ки "қазияи Умедҷон Тоҷиев ва ҳамчунин дигар қазияҳо, аз ҷумла Ҳамза Икромзода, Маҳмудҷон Шодиев ҳаматарафа пайгирӣ карда шуд ва омилон муҷозот шуданд. Вай дар иртибот ба қазияи Умедҷон Тоҷиев гуфт, ки "Тоҷиев ҳангоми фирор аз ошёнаи дуюм пояш шикаста ва ба бемористон интиқол дода шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки нисбати кормандоне, ки дар фирори Умедҷон хунукназарӣ карданд, парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад. Ба гуфтаи додситонии кулл, тафтишот мушаххас кард, ки Умедҷон Тоҷиев дар пайи бемории дил даргузаштааст, аммо онҳо ин қазияро ҳамаҷониба таҳқиқ мекунанд.
Дар бораи маҳкумияти Зайд Саидов
Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, дар муҳокимаи Зайд Саидов, ягон шабакаи телевизионӣ ширкат надошт, балки наворҳо аз ҷониби мақомот бардошта шуд ва ба хотири ҷомеаро аз натиҷаи ин мурофиа огоҳ кардан, дар телевизион намоиш дода шуд. Чун ба таъкиди ҷаноби Салимзода, ҷомеа қазияи Зайд Саидовро пайгирӣ мекард.
Аммо ҷаноби Салимзода гуфт, ки "агар шахс ҷиноят содир накарда бошад, додгоҳ ӯро маҳкум намекунад." Зеро таҳлилҳо низ нишон медиҳад, кам мешавад, ки ҳалномаҳо бекор шаванд ва фарди муҷрим сафед гардад.
610 корманди давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир 610 нафар корманди мақомоти давлатӣ барои саҳлангорӣ ва хунукназарӣ дар баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Шерхон Салимзодаи Одина, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли гузашта 15 ҳазору 700 нафар сокинону шаҳрвандон тавассути мақомоти додситонӣ кабул шудааст ва беш аз 12 ҳазор муроҷиат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ҷаноби Салимзода гуфт, ки ин амр ба хотири ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон буда ва дар натиҷа барои саҳлангорӣ 610 нафар корманди ниҳодҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ва идорӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи додситонии кулл, нисбати 41 нафар, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон бетаваҷҷӯҳӣ ва кашолкорӣ карданд, парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда ва афроди муттаҳам муҷозот шудаанд.
4 парвандаи марбут ба шиканҷа
Шерхон Салимзода дар иртибот ба мавориди шиканҷа гуфт, ки дар соли 2013 шонздаҳ арзу шикоят ворид шуда ва ин нисбат ба соли 2012 камтар аст. Чун дар соли 2012 арзу шикоятҳо дар маврид шиканҷа 22 ададро ташкил медод.
Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, нисбати 4 арзу шикоят дар мавриди шиканҷа парванда боз шуд ва як мавриди он дар нисбати Умедҷон Тоҷиев, сокини шаҳри Исфара аст.
5 муттаҳами терроризм
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар соли гузашта 5 парвандаи хусусияти террористӣ боз шуда ва омилони он муҷозот гардиданд. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Салимзода, дар ин давра 68 парванда дар робита ба узвият дар созмонҳои мамнуъ нисбати 146 нафар боз шудааст.
Иттилое дар мавриди гӯш кардани сӯҳбатҳо нест
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди "гӯш кардани сӯҳбатҳои мақомот" гуфт, ки "то ҳол иттилоое дар мавриди гӯш кардани сӯҳбатҳои раҳбарияти кишвар ва сохторҳои қудратӣ дар даст надорем."
Муноқишаи марзӣ таҳқиқ мешавад
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо додситонии кулли Қирғизистон як гурӯҳи фаврии тафтишотӣ ташкил шудааст ва қазияи муноқишаи марзӣ дар сарҳади ҳар ду кишвар мӯшикофона таҳқиқ мешавад.
Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, бо додситони кулли Қирғизистон низ чанд бор дар мавриди фаъолияти ин гурӯҳи корӣ мулоқотҳо анҷом додааст. Аммо вай гуфт, ки "ҳоло дар мавриди тирпаронӣ дар куҷо сурат гирифтааст, чизе намегӯем ва пешқазоватӣ нахоҳем кард."
Зеро ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, "бо ҳамтоёни қирғизиамон тавофуқ кардем, ки пешакӣ изҳори назар намешавад ва танҳо аз натиҷаи он мешавад чизе гуфт."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад