9 нафар аз асорати тарма раҳо карда шуданд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари барфбориҳои зиёд дар манотиқи кӯҳистон 5 зан, 3 мард ва як кӯдаке, ки дар гузаргоҳи «Қарамиқ»-и миёни Тоҷикистону Қирғизистон дармонда буданд, раҳо карда шуданд.

Шӯъбаи фаврии Вазорати нақлиёт рӯзи 6-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки 9 шаҳрванди Тоҷикистон сокинони ноҳияи Ҷиргатол пас аз лағжиши тарма аз ду самт дар гузаргоҳ дар гарданаи «Қарамиқ» як шабонарӯз дар асорат мондаанд.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт 5 зан, 3 мард ва як кӯдаке, ки рӯзи 3-юми феврал дар асорат монда буданд бо кӯшиши роҳсозони минтақаи Лахш дар соати 16-00-и 4-уми феврал раҳо карда шуда, бо микроавтобус ба ноҳияи Ҷиргатол оварда шуданд.

Ба гуфтаи масъулони вазорати нақлит феълан ҳамаи тармаҳои дар гарданаи Қарамиқ поксозӣ шуда, равуои мошинҳо имконпазир аст.