Ал-Қоида аз ҳамкорӣ бо як ҳалқааш даст кашид

Бино ба гузоришҳо, созмони Ал-Қоида, тамоми иртибот бо яке аз ҳалқаҳои худ дар Сурия қатъ мекунад. Фармондеҳии Ал-Қоида бо нашри як баёнияе дар Интернет гуфтааст, ки баъди сарпечии фармондеҳони созмони Давлати Исломии Ироқ ва Левант аз иҷрои амри Айман Ал-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида, тамоми ҳамкориҳо бо он созмонро қатъ мекунад. Аслӣ будани ин изҳорот маълум нест, вале он дар вебсайте нашр шудааст, ки умдатан Ал-Қоида истифода мекунад. Таҳлилгарон ин баёнияро як талоши Ал-Қоида барои эъмоли нуфузаш ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Сурия медонанд. Айман Завоҳирӣ моҳи майи гузашта ба созмони Давлати Исломии Ироқ ва Левант амр дод, ки алоҳида аз Ҷабҳаи Нусра як ҳалқаи дигари Ал-Қоида фаъолият кунад. Ин талаби ӯро Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари созмони Давлати Исломии Ироқ ва Левант, ки мехост, ҳарду созмон якҷоя шаванд, рад кард.