Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири дифои Тоҷикистон ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъйин шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми январ тайи як фармон вазири пешини дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоевро ёрдамчии худ дар умури амнияти миллӣ таъйин кардааст.
Шералӣ Хайруллоев, қадимтарин вазири кобинаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 18 сол вазорати дифоъро раҳбарӣ кард ва дар пайи таъиноти кадрии моҳи ноябри соли гузашта аз мақом барканор шуд. Ба ҷои ӯ Шералӣ Мирзои 46-сола вазири дифоъ таъин гардид.
Генерал – полковник Шералӣ Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст. Аз соли 1970 то 1977 дар ниҳодҳои молиявии Округи ҳарбии Сибир ва дигар қисмҳои низомии Артиши Шӯравӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1977 то 1988 дар мақомҳои раҳбарии муассисаҳои ислоҳи ҷиноии вазорати корҳои дохилӣ ва аз соли 1988 то 1995 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Аз соли 1995 то 2013 дар мақоми вазири дифои Тоҷикистон ифои вазифа кард.
Шералӣ Хайруллоев вазири калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт. Нақши ӯ дар сулҳи тоҷикон ва амалиёте, ки даҳ соли ахир дар Тавилдара, Рашт ва Бадахшон муҳим арзёбӣ мешавад. Аксари кулли амалиётҳои низомии ҳукумат алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистонро ӯ раҳбарӣ мекард.
Пас аз барканории ӯ иддае ҳам ҳадс заданд, ки акнун генерали солманд даврони пирӣ хоҳад ронд, аммо тавре ба назар мерасад, ҳанӯз рисолати анҷом нашудааст.
Таъиноти нави ӯ дар ҳолест, ки Тоҷикистон дигарбора ба чолишҳои амниятӣ дучор мешавад, аммо ин навбат аз хориҷ. Касе вазъи пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон, ҳамсоякишвари Тоҷикистонро дуруст пешбинӣ намекунад. Ҳамзамон дар шимол баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷое ба марҳалаҳои низомӣ низ гузаштаанд. Ба назар мерасад, Эмомалӣ Раҳмон дар чунин вазъ такя ба маслиҳатҳои Шералӣ Хайруллоев хоҳад зад.