Муовинон масъалаи марзро баррасӣ мекунанд

Муродалӣ Алимардон ва Тоқон Мамитов

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, интизор меравад, ки 24 ё 25 январ Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов-муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти дуҷониба баргузор ва дар он ҳали муноқишаи 11 январ дар марзи миёни ду кишварро баррасӣ кунанд.

Пас аз ин моҷаро ҳамаи панҷ посгоҳи марзӣ ва гумрукии миёни ин ду кишвар баста ва ҳоло рафту омад бо роҳҳои заминӣ қатъ шудааст, вале парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои ин ду кишвар мисли пешин идома дорад.

Ин музокирот бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон баргузор мешавад. 16 январ Тоҷикистон хостааст, ки дар сатҳи муовинони нахуствазир масъалаҳои тақсимоти марз ва аломатгузории он баррасӣ шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 970 километр марзи мушатрак доранд. Ҷониби Душанбе гуфтааст, ки мулоқоти мазкур ё дар Бишкек ва ё дар Бодканд баргузор хоҳад шуд.