Ғончӣ: Ҷанҷоли “хонагӣ” баъд аз арӯсӣ

Мақомоти интизомӣ мегӯяд, дар ҷанҷоли байни ҷавонони деҳаҳои Хӯҷаҳо ва Қалъаи Дӯсти ноҳияи Ғончӣ рӯзи 15-уми январ ду ҷавон ҷароҳат бардошта, алайҳи 3 сокин парванда боз шудааст.
Акбар Шарифов, сухангӯи сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфт, ҷароҳати ҷавонон сабук буда, дар ҳоли ҳозир аз сӯи табибон дар маҳали зисти худ табобат мегиранд. Мақомот мегӯянд, ки ҷанҷол байни танҳо ду тан сокини ҷавон дар Чоршанбебозори байни деҳаҳои мазкур рух дод.

Вале бинобар хабарҳои бархе сокинон, ба муноқиша даҳҳо ҷавонони дигар аз ду ҷониб ҳамроҳ шуда, аз масофаи дур ба сӯи ҳам ҳудуди чанд дақиқа сангандозӣ карда, ба чанд одаму дӯкони бозору автомобилҳо зарар ва хисорот расидааст. Як сокини деҳаи Узуки ноҳияи Ғончӣ, ки нахост номаш ошкор карда шавад ва замони сангандозии ҷавонон дар бозор будааст, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки 100-200 ҷавон аз ду ҷониби пул ба сӯи ҳам санг мезаданд ва сокинони дигар низ бо молу чизи худ зери санги онҳо монданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тӯй ва ҷанҷол


Вале Рустам Ҷӯраев, муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ мегӯяд, ҷанҷол калон ва байни ҷавонони деҳа набуд, танҳо байни ду кас буд: “Ягон ҷанҷоли байни ду деҳа набуд. Фақат ду ҷавон, ки якеш маст будааст, бо ҳам ҷанҷол кардаанд, бо сабаби соф “маишӣ”. Милисаҳо омада онҳоро бурдаанд, тамом. Ҷароҳати сахт бардоштани онҳою хунрезӣ шудан дар ҷои ҷанҷол - ин ҳамаш дурӯғ. Милисаҳо гуфтанд, ки онҳо дурустанд, баёнот гирифта истодаем.”

Холиқбердӣ Атаев ва Анвар Азизов, раисони ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ (Калининободи собиқ) ва Ваҳдати ноҳияи ғончӣ, ки деҳаҳои Хӯҷаҳо ва Қалъаи Дӯст тобеи ин ҷамоатҳоянд, занозании рухдода байни ҷавононро ҳам мисли ҷаноби Ҷӯраев тасвир намуданд. Ба гуфтаи онҳо, сабаби сар задани ҷанҷол “маишӣ” будааст.

Аммо ба гуфтаи бархе манобеъ аз ноҳияи Ғончӣ, ба ҷанҷоли байни ҷавонони деҳаҳои Хӯҷаҳо ва Қалъаи Дӯст як маросими баъди ақди никоҳ, ЗАГС дар рӯзи 12 - уми январ сабаб шудааст. Ба гуфтаи онҳо, вақте, ки домод аз деҳаи Қалъаи Дӯст савори автомобилҳои ороста ҳамроҳи рафиқонаш барои овардани арӯс ба деҳаи Хӯҷаҳо (ё ба қавли бархе вақти рафтан корвони мошинҳои арӯсӣ вақти рафтан ба деҳаи Шоҳона бо сигналу мусиқӣ дар деҳаи Хӯҷаҳо таваққуф мекунад) мераванд, ин бархе ҷавонони Хӯҷаҳоро хуш намеояд. Байни онҳову арӯсорандагон баҳсу муноқишаҳои лафзӣ сурат мегирад. Баъди 3 рӯз, чоршанбеи 15 – уми январ ин муноқиша дар бозори деҳаи Хоҷаҳо ба сангзании гурӯҳи ҷавонони ду деҳа мекашонад. Аммо ин ҷанол ҳудуди ним соат давом карда, бо ҳозир шудани пулис муноқишагарон пароканда шудаанд.

Дар бораи ин ҳодиса шуъбаи корҳои дохилии Ғончӣ аз рӯйи банди “авбошӣ” парванда боз кардааст ва ба таҳқиқи ҳодиса машғул аст. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи сокинон, вазъ дар деҳаҳои мазкури ноҳияи Ғончӣ оддӣ шудааст ва пирони деҳаҳо ҷавонони ҳар ду деҳаро, ки сокинонаш ҳама тоҷиканду бо ҳам як решаву робитаҳои зичи хешутаборӣ доранд, ба худдорӣ аз ҷангу пархоши хонагӣ даъват мекунанд.