Ҳукумати Суғд мехоҳад бо тақсими хоҷагиҳои калони деҳқонӣ ба хоҷагиҳои хурди оилавӣ, дили деҳқонро ба кори замин гарм кунад.
Ба таъкиди Абдураҳмон Қодирӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд, чунин ислоҳот деҳқонро соҳиби замин ва дасту дилашро бозтар хоҳад кард. Вай меафзояд: “Ман як ҳадаф дорам. Фароҳам кардани кардани ҷойҳои корӣ. Ин як кори аслии соҳиби кор кардани муҳоҷирони корӣ дар ватанамон аст. Мо оилаҳоро соҳиби замин мекунем ва бо ҳамин роҳ фарзандони онҳоро барои кор дар назди оилаашон аз муҳоҷират бармегардонем. Ҳоло муҳоҷирати кории сокинони мо як мушкили доғи рӯз аст. Кадом сохтори Русияро бигиред, муҳоҷирони моро таҳқир мекунанд. Онҳо дар кишварҳои дигар кӯчарӯбӣ, дар замину фермаҳову гармхонаҳои онҳо, агар тавонанд, дар сохтмону корхонаҳояшон кор мекунанд. Беҳтар нест муҳоҷирони мо дар ватани худ, канори аҳли хонадонашон кору зиндагӣ кунанд?”
Ба гуфтаи ҷаноби Қодирӣ, гурӯҳҳои корӣ дар 2 моҳ ҳудуди 4.5 ҳазор хоҷагии кишоварзии минтақаро, ки 10 гектар ё бештар аз он замин доранд, ба хоҷагиҳои хурди оилавӣ ё инфиродӣ тақсим хоҳанд кард. Раёсати кишоварзии Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа 21 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ номнавис шуда, вале хоҷагиҳои хурди инфиродӣ ва оилавӣ ночиз аст. Ба гуфтаи дастандаркорони барномаи ислоҳоти нави замин, теъдоди хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавии Суғд то ҳудуди 50 ҳазор хоҳад афзуд. Бинобар хабарҳо, дар бархе ноҳияҳои Суғд замини хоҷагиҳо оғоз шудааст. Дар Конибодом замини хоҷагиҳои кишоварзии дорои беш аз 7 гектар заминро миёни саҳмдорон ҳудуди 1 гектарӣ тақсим мекунанд.
Саволи умдаи матраҳ ин аст, ки ин ислоҳоти сохтории хоҷагиҳо густарда баъди барҳам додани колхозҳои бозмонда аз давраи шӯравӣ ба деҳқонии оддии суғдӣ чӣ хоҳад дод? Дар ҳоле ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳукми аксар варшикаству қарздор гашта, деҳқонҳои оддии пахтакор аз замин умдатан ғузапояву чигит ба даст меоранд.
Хоҷагии пахтакори Иноятуллозода дар ҷамоати Масчои ноҳияи Масчо дорои 7.5 гектар замини обӣ ва 16 саҳҳом аст. Шукрулло Иноятов, раҳбари ин хоҷагӣ дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфт, имсол аз ҳар гектар ҳудуди 35 сентнерӣ ҳосили пахта ба даст оварданд. Аммо умеди даромади зиёд надоранд. Вай афзуд: “Чунки нархи пахта паст шуда, ҳозир 1 тонна нахи пахтаи моро ба 1 ҳазору 200 доллар мехаранд. Аз ин ба мо чӣ фоида мемонад? Мо барои парвариши 1 гектар пахта ҳудуди 1.5 ҳазор доллар сарф мекунем. Пули ба даст овардаамон ба парвариши ҳосили нави он базӯр мерасад. Ба мо танҳо чигит мемонаду ғӯзапая ва алаф барои моламон.”
Ин деҳқони мусоҳибам афзуд, чун даромад аз замин ночизу барои таъмини рӯзгор нокофӣ аст, бархе фарзандони саҳмдорон ночор рӯ ба муҳоҷирати кории Русия овардаанд: “Аммо замин тақсим карда ба саҳмдорон дода шавад, вай албатта, дилгармона кор мекунад. Ба замини наздиҳавлиатон, ки соҳибаш ҳастед, чӣ хел нигоҳубин мекунед? Ҳамин хел албатта ҳаракат мекунед аз замини саҳмияи худатон ҳам ҳосили дилхоҳ ва фоида ба даст оред.”
Таҷдиди сохтории хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Суғд дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки бахши кишоварзӣ барои деҳқонони оддӣ ба як кори пурмашаққат, вале камдаромад табдил ёфтааст. Хоҷагиҳои деҳқонии Суғд, ки умдатан ба пахтакорӣ машғуланд, ғолибан бо қарзи бонкҳо аз сол то соли дигар кор мекунанд.
Соли 2008 ҳукумати Тоҷикистон қарзҳои хоҷагиҳоро бахшид ва имкон дод, бидуни вом рушд кунанд. Аммо ин амр самари чашмгир надод ва хоҷагиҳо оҳиста - оҳиста боз зери қарзҳои нав мераванд. Мухолифони барномаи пора кардани хоагиҳои деҳқонӣ ба хоҷагиҳои хурди оилавӣ мегӯянд, ин иқдом дар ҳоле натиҷаи хуб хоҳад дод, агар ҳукумати Тоҷикистон барои деҳқонон қарзҳои миёна ё дарозмуддати бесуд ё ҳади ақал камсуд бидиҳад ва андозҳои гаронро сабуктар кунад.