Пулиси Индонезия мегӯяд, шаш тундрави исломӣ, ки дар тирандозии шаби соли нав дар наздикии шаҳри Ҷакарта кушта шуданд, қасд доштаанд, ба сафорати Амрико, маъбадҳои буддоиён ва меҳмонхонаҳои хориҷиён ҳамла кунанд. Бой Рафли Амар, сухангӯи пулис гуфт, баъди даргирии нӯҳсоата ва қатли тундравон аз хонаи онҳо асноде пайдо карданд, ки ҳадафҳои ҳамла дар он зикр шудааст. Пулиси Индонезия мегӯяд, ки ин шаш нафар ба ҳалқаи ба раҳбарии Абу Рубон иртибот доштаанд, ки худи ӯ соли гузашта дар амалиёти пулис кушта шуд. Ба қавли пулис, ин гурӯҳ бо созмони Ал-Қоида ҳамкорӣ мекардааст.