Падари яке аз донишҷӯёне, ки бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои зидди ҳукумати Башор Асад дар Сурия зиндонӣ шуд, маҳкумияти писарашро бепоя хонд.
Файзалӣ Муъминов, падари Баҳриддин Муъминов ба Радиои «Озодӣ гуфт, тамоми асноди зарурӣ, ки донишҷӯ будани писарашро дар Сурияву Миср собит мекунанд, дар ихтиёри додгоҳ гузошта шуданд, аммо ба онҳо аслан таваҷҷӯҳе зоҳир нашуд:
«Барои ҳар ду донишгоҳе, ки ӯ таҳсил карда буд, аз худи ҳамон муассисаҳо ҳуҷҷат овардем. Соли 2010 вақте писарам ба Сурия рафта буд, ба Донишгоҳи байнулмилалии он ҷо дохил шуда, забони арабӣ меомӯзад. Ин як донишгоҳи ҳукуматӣ аст ва худи онҳо ба мо ҳуҷҷат фиристоданд. Вақте моҳи январи соли 2011 ноамниҳо дар Сурия оғоз шуданд, пас аз 6 моҳ -моҳи июл писарам ба Туркия меравад ва аз он ҷо ба Миср рафта, ба донишгоҳи ба ҳама маълуми «Ал-азҳар» дохил мешавад, ки он ҳам расмӣ аст.»
Баҳриддин Муъминови 24-сола, сокини Душанбе бо иттифоқи Сабриддин Ашӯров ва Забеҳуллоҳ Ҳафизуллоев, ки ҳамагӣ таҳсилдидаи солҳои гуногуни Донишгоҳи байнулмилалии «Ал-арабия»-и Димишқанд, зимни як парвандаи гурӯҳӣ бо иттиҳоми "узвият дар созмони ҷиноӣ ё гурӯҳҳои мусаллаҳ" барои ду сол аз озодӣ маҳрум шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон онҳоро моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба ширкат дар ошӯбҳои Сурия дар ҳайати мухолифини ҳукумати Башор Асад муттаҳам намуд.
24-уми декабр Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳукм гуфт, ки азбаски "дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди марбут ба сарбозони зархарид нест», ин се нафар аз рӯи моддаи 187 - «узвият дар созмони ҷиноӣ ва ё гуруҳҳои мусаллаҳ» муттаҳам дониста шуданд.
Ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазои ҳабс ба муҳлати аз 11 сол болоро пешбинӣ мекунад, аммо Абдулбузург Асоев, вакили дифои Баҳриддин Муъминов мегӯяд, ҳар се донишҷӯ тибқи ҳамин моддаи қонунҳои Сурия муҷозот шудаанд. Вай афзуд, қонуни ҷиноии Сурия барои ширкат дар ошӯбҳо аз як то 3, 5 солро пешбинӣ мекунад:
«Аммо ин ҷо як нуктаи дигар ҳаст. Дар ҳамин муддат Башор Асад ду маротиба мухолифонашро расман авф кард. Вақте байни ӯву мухолифонаш созиш ва оташбас эълон шуд, авф эълон намуд. Аммо дар мо ба сабабҳои номаълум кодекси ҷиноии Сурияро ба назар гирифтанд, аммо ин авфро ба назар нагирифтанд.»
Абдулбузург Асоев мегӯяд, Баҳриддин Муъминов ҳанӯз донишҷӯи «Ал-Арабия» маҳсуб мешавад ва ба далели ноамниҳо расман таҳсилашро дар ин донишгоҳ муваққатан қатъ кардааст. Вай афзуд, дар умум тафтишот собит карда натавонист, ки дар асл онҳо дар ошӯбҳои Сурия алайҳи ҳукумати Башор Асад ширкат доштанд, ё хайр.
Басбӣ Мирзоева, муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба Радиои «Озодӣ» гуфт, то ба ҳол ҳукми ин гурӯҳи сенафара ба ҳукми қонун надаромадааст: «Агар онҳо аз ҳукми додгоҳ розӣ набошанд, метавонанд шикояти касатсионӣ оранд ва комиссия иборат аз се нафар ваҷҳу далелҳои онҳоро омӯхта, посух хоҳад дод.»
Аммо ҳам вакили дифоъ ва ҳам падари Баҳриддин Мӯъминов мегӯянд, ки ба додгоҳи таҷдиди назар шикояти касатсионӣ нахоҳанд бурд, чун дар марҳалаи аввал ҳамаи асноди зарурӣ пешниҳод шуда, аммо беэътибор боқӣ монданд.
Ошӯбҳо дар Сурия ҳанӯз идома доранд ва бино ба тахминҳои мақомоти расмӣ, ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон аз ду ҷониб ширкат доранд ва умдатан ҳамаи онҳо тавассути кишварҳои сеюм ба Сурия рафта, ё дар донишгоҳҳои кишвари арабӣ таҳсил мекарданд.
Тибқи бархе маълумотҳо, дар Сурия ҳудуди 200 ҷавони тоҷик таҳсил мекарданд ва коршиносон баъид намедонанд, ки онҳоро ҳам дар Тоҷикистон сарнавишти Баҳриддин Муъминов ва ду ҳамроҳаш интизор хоҳад буд.