Ҳошим Гадоев, ҳунарманди маъруф бо ирсоли як нома ба унвони шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, хоҳиш кардааст, ки дар таъмири манзили зисташ ба ӯ кӯмак кунад.
Ин номаи ҳунарманди маъруф дар саҳифаи Фейсбук ҳам имрӯз ба нашр расидааст.
Ҳошим Гадоев, ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон дар номааш ба шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки манзили зисташ дар ин фасли сармо аз одитарин шароити зиндагӣ маҳрум буда, деворҳои хонааш об кашидаанд ва намноканд. Вай иқрор кардааст, ки дар ин синнусол тавонеро надорад, ки даст ба таъмири манзили худ занад.
Дар идома ин ҳунарпешаи саршинос навиштааст: «10-уми майи соли 2014 рӯзи таваллуди ман аст ва агар умр вафо кунад ман ба синни 77 мерасам ва хизматҳое, ки барои халқу ватанам дар риштаи ҳунар кардаам, наход арзиши инро надошта бошам, ки барои таъмири манзили ман кӯмак расонида шавад».
Дар ин нома омадааст, ки пас хондани як мақола таҳти унвони «Басилашвилии сармозада барои сармозадагӣ 4 моҳ дар беморхона бистарӣ шуд», маҷбур шудааст, ки ба ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат намояд.
Қазияи Олег Басилашвилӣ, ҳунарманди петербургӣ ин аст, ки духтараш аз шароити тоқатфарсоии зиндагии ӯ дар сафҳаи фейсбукиаш навишт ва ин хабар ба гӯши президенти Русия Владимир Путин расид. Рӯзи дигараш кормандони Хадамоти коммуналӣ ба суроғи Басилашвилӣ омаданд ва ба тармими манзили ӯ пардохтанд.
То рӯзи тавалуди Ҳошим Гадоев чанд моҳи дигар мондааст, вале вай изҳори умедворӣ мекунад, ки мисли сарнавишти ҳунарманди петербургӣ мақомот ба додаш мерасанд ва деворҳои обкашидаашро таъмир хоҳанд кард.
Ҳошим Гадоев меафзояд, ки 50 соли умри худро ба ҳунар барои обрӯи Тоҷикистон бахшидааст, аммо ҳукумат ӯро фаромӯш кардааст ва дар ҷашнҳои муҳими кишвар даъваташ намекунанд. Гадоев аз ҳунарпешагони саршиноси театр ва синемои тоҷик буда, бо нақшҳои Эдип дар саҳнаи театри академии драмаи ба номии Лоҳутӣ, Сӯҳроб дар филми "Рустам ва Сӯҳроб" ба ҷоизаҳои баланд сазовор гаштааст.