Дар ҷаласаи имрӯзи парлумони Тоҷикистон зимни баррасии тағйиру иловаҳо дар кодекси ҷиноӣ, барои паҳн кардани маводи порнографӣ бо аксҳои ноболиғон ҷазои сахттар пешниҳод шуд.
Вобаста ба тағйирот ба кодекси ҷиноӣ агар то имрӯз барои истифода ва паҳн кардани маводи порнографӣ бо ширкати кӯдакон то 2 сол зиндон таҳдид мекард, ҳоло то 10 сол муайян шуд.
Абдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон зимни пешниҳоди лоиҳаи тағйиру иловаҳо дар кодекси ҷиноӣ, рӯзи 25-уми декабр дар парлумон гуфт, ки то ба имрӯз барои истифодаи кӯдакон дар паҳн кардани маводи порнографӣ дар қонунгузорӣ мушаххасан чизе гуфта нашуда буд.
Акнун дар лоиҳаи нави кодекси ҷиноӣ барои аксу навор бардоштан, нигоҳ доштани акси порнографии ноболиғон бо мақсади паҳн кардан дар васоити ахбори омма ва интернет, ҷазои сахт пешниҳод шуд.
Ҳамчунин барои мутобиқ кардани қонуни Тоҷикистон ба қонунҳои байналмиллӣ, ба моддаи 130, ки истифодаи меҳнати ғуломонаро дар бар мегирад, тағйирот ворид карда шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, тибқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷаҳон 27 миллион одамон ҳамчун ғулом истифода мешавад. Аз ин шумора 600 ҳазор шаҳрвандони собиқ ҷамоҳири шӯравӣ будаанд.
Ин масъули вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар сурате, ки агар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси ғулом дар берун аз кишвар истифода шаванд, қонунгузории Тоҷикистон инро ҳамчун ҷиноят эътироф карда, барои ба ҷазо кашидани афроди ҷинояткор талош хоҳанд кард. Бар асоси қавонини Тоҷикистон, мӯҳлати ҷазо барои истифодаи меҳнати ғуломона аз 5 то 12 сол муайян шудааст.
Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, вакили порлумон ва раиси ҲКТ бо ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру илова ба кодекси ҷиноӣ, қабули ин лоиҳаро муҳим арзебӣ кард. Шабдолов сабаби ба меҳнати ғуломона ҷалб кардани шаҳрвандон ва истифодаи кӯдакон дар порнографияро ба камбизоатӣ рабт дод. Ба гуфтаи ҷаноби Шабдолов, ҳукумати кишвар бояд барои аз байн бурдани камбизоатӣ талош кунад, то ин мушкилот дар ҷомеаи кишвар густариш пайдо накунад.
ЛОИҲАИ ГРАНТӢ БАРОИ РОҲИ ВОСЕЪ-ХОВАЛИНГ-ҚАРАМИҚ
Дар ҷаласаи имрӯзии парлумони Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаи грантии барқарорсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг- Қарамик бо тарафдории аксари вакилон ба тасвиб расид.
Созишномаи лоиҳаи грантии Бонки Рушди Осиё барои азнавсозии роҳи Восеъ-Ховалинг-Қарамиқ моҳи октябри соли равон аз ҷониби президент ва намояндагони Бонки Рушди Осиё имзо шуда буд. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни пешниҳоди лоиҳаи мазкур рӯзи 25-уми декабр дар парлумон гуфт, ки дар панҷ соли охир 400 миллион сомонӣ аз буҷаи кишвар дар лоиҳаҳои барқарорсозии роҳҳо сарф шудааст.
«Лоиҳаи созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Руш 89 миллион доллар, ки аз он 19 миллион саҳми Тоҷикистон ва боқӣ аз Бонки рушд мебошад, дар бар мегирад. Мақсад аз лоиҳа беҳтар кардани роҳи Тоҷикистон то ба марз мебошад. Ин лоиҳа моҳи октябри соли 2013 аз ҷониби президент ва намояндагони Бонки Рушди Осиё ба имзо расидааст ва иҷрои он то соли 2017 идома мекунад.», гуфт Нуралиев.
Исмоил Талбаков, вакили парлумон гуфт, ки ин лоиҳа "барои рушди деҳот, баланд бардоштани зиндагии мардум ва кам кардани камбизоатӣ мусоидат мекунад. Ба гуфти ин вакили порлумон дарозии ин роҳ 175 километр буда давоми 4 сол иҷро мешавад."