Ҳукумати Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки давраи нави музокирот дар бораи тақсим ва аломатгузории марзи ду кишвар ҳафтаи оянда сурат бигирад. Қурбонбой Искандаров, раиси Оҷонси аломатгузории марзҳои Қирғизистон, гуфт, пешниҳод шудааст, гуфтугӯҳо рӯзи 24-уми декабр баргузор шавад. Ва дигар ин ки рӯзи душанбе марзбонони тоҷик ду қирғизеро раҳо кардаанд, ки пештар бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шуданд. Онҳоро дар як минтақаи баҳсбарангези марзӣ ҳангоми интиқоли симчӯб дастгир карданд. Бахше аз марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон то кунун тақсиму аломатгузорӣ нашудааст.