Барфи таърихӣ дар Ховари Миёна

Барфи камсобиқае дар ин фасли сол, бисёре аз нуқтаҳои Ховари Миёнаро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.
Дар Исроил, ки зоҳиран дорои қавитарин зерсохторҳо дар муқоиса бо кишварҳои арабӣ ва ҳамсояаш ҳаст, ҳатто барқи хонаи нахуствазир қатъ шуд ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико низ дар Байтулмуқаддас дар "муҳосира" мондааст. Бинобар идораи на чандон дурусти шаҳрдориҳо, давлати Исроил вазири дифои худро барои "фармондеҳии амалиёти муқобила бо барф" ба Байтулмуқаддас фиристодааст. Ҳарчанд соли гузашта бахшҳое аз саҳрои Арабистони Саудӣ ва шаҳрҳои ин кишвар дар даҳҳаҳо ахир шоҳиди барф буд, аммо имсол шиддати сармо ва резиши барфро метавон дар сафедпӯш шудани Қоҳира-пойтахти Миср, барои нахустин бор пас аз 112 сол дид.

ИСРОИЛ "ВАХИМТАРИН ВАЗЪИЯТ ДАР ЧАНД ДАҲАИ АХИР"

Дар Исроил мақомҳо ва расонаҳо, ки кишвари худро яке аз омодатарин ҳукуматҳо барои рӯёрӯӣ бо вазъияти ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулодда медонад, вазъити кунуниро, "вахимтарин шароит дар чанд даҳаи ахир" хондаанд ва садҳо ҳазор хона аз чаҳоршанбешаб бидуни барқ будаанд. Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико, ки бо вуҷуди барф ва сармои шадид ба минтақа омада буд, чаҳоршанбешаб ба Исроил расид, аммо мулоқоте, ки барои ӯ бо нахуствазири Исроил дар назар гирифта шуда буд, лағв гардид ва ин дар ҳоле аст, ки фосилаи миёни меҳмонхонаи маҳали иқомати Керри ва иқоматгоҳи нахуствазири Исроил камтар аз як километр аст.

Булдозерҳои артиши Исроил роҳи корвони автомобилҳои ҳомили Ҷон Керриро аз Байтулмуқаддас то Ромуллоҳ боз карданд то битавонад панҷшанбешаб бо Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин дидор кунад. Мулоқоте, ки ба сабаби нохушнудии Абу Мозин аз бархӯрди Амрико бо пешниҳодҳои қаблӣ дар иртибот бо сулҳ, пас аз ним соат бо нохушнудӣ анҷом ёфт ва Керрӣ ба Байтулмуқаддас бозгашт. Мақомҳои амрикоӣ ва ғарбӣ ба сабаҳои амниятӣ ҳаргиз шабро дар минтақаҳои фаластинӣ намехобанд ва ҳатман ба Байтулмуқаддас боз мегарданд. Ҷон Керрӣ низ пас аз бозгашт ба Байтулмуқаддас, дар ин шаҳр монанди ҳудуди як миллион нафар сокинин шаҳр ва атрофи он "дар муҳосира" мондааст, зеро, ки муҳимтарин шоҳроҳ миёни Байтулмуқаддас ва Телавив баста шуда ва ҳамон гуна ҷодаи аслии дигар -- ҷодаи шумораи 443 миёни Байтулмуқаддас ба сӯи шаҳрҳои марказии Исроил, баста шудааст.

Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, қатъи давомдори барқ ва набудани интернет, ки аз чанд рӯз ба ин тараф ба бисёре аз шаҳракҳои зоҳиран пешрафта дар атрофи Байтулмуқаддас расидааст, сабаб шуд, ки барқи хонаи нахуствазир низ рӯзи дар маркази Байтулмуқаддас қатъ шавад ва ҳатто сақфи яке аз мақарҳои нахуствазирӣ, поин биояд. Бебарқӣ хатҳои телефонҳои шаҳрӣ ва дастиии садҳо ҳазор нафарро низ қатъ кардааст. Мардуми Исроил бо барфрӯбӣ ошноӣ надоранд ва танҳо чанд булозери шаҳрдорӣ гоҳе дар бархе аз хиёбонҳои марказии шаҳрҳо убур мекунанд то каме роҳҳоро боз кунанд, аммо ин бор, пулис дастур додааст, ки касе ҳаққи ронандагӣ надорад, зеро ҳазорон дарахт ба рӯи мошинҳо дар хиёбонҳои марказии шаҳр ва атрофи он шикаста аст.

ВАЗЪИЯТ ДАР ҒАЗЗА

Бо вуҷуди ин, сармои шадид сабаби ҳамкории хуб миёни Исроил бо давлати Ҳамос (Ҳаракати муқовимати исломӣ), дар Ғазза шуд. Рӯзи ҷумъа давлати Ҳамос, дар дархосте камсобиқа, аз Исроил тақозои кӯмак карда буд. Миллионҳо литр маводи сӯхт аз сӯи Исроил дар шабонарӯзи ахир аз гузаргоҳи "Карам Абу Солим" ба сӯи Ғазза равон шуд ва эълом гардид, ки аз рӯзи якшанбе низ ҳаракати мошинҳои маводи хӯрока аз Исроил ба Ғазза афзоиш хоҳад ёфт.

Давлати Ҳамос эълом кард, ки амири Қатар рӯзи ҷумъа шахсан пули маводи сӯхт барои Ғаззаро ба Исроил пардохт кард. Бо ин вуҷуд, вазорати энержии давлати Ҳамос ибрози умедворӣ кард, ки пас аз чаҳор рӯзи бебарқии комил, битавонад барои ҳар минтақаи борикии Ғазза, танҳо чанд соат дар рӯз, барқ бидиҳад. Қатъи фаъолияти танҳо нерӯгоҳи барқии Ғазза дар ҳоле аст, ки борандагии шадиди рӯзҳои гузашта, сабаби обхезӣ шуд ва гоҳ то табақаи аввали биноҳои Ғазза зери об мондаанд.

ҲОЛАТИ БАРФӢ ДАР КИШВАРҲОИ ДИГАРИ МИНТАҚА

Дар ҳоле, ки ду сол аст, Миср дар бӯҳрону эътирозҳо месӯзад, ин танҳо барф аст, ки тавонист аз шиддати эътирозҳо кам кунад. Гузоришҳои расида нишон медиҳад, ҳукумати Урдуни ҳошимӣ дар идораи шаҳрҳои худ мудирияти хуб нишон дода ва бо мушкилоти камтаре рӯбарӯ будааст. Мухолифони Сурия аз марги дастикам даҳ кӯдак дар рӯзи ҷумъа бар асари сармои шадид дар минтақаҳое, ки набардҳо дар ҷараён аст ва давлат ҳозир ба кӯмак ба ин минтақаҳои ҷангӣ нест, хабар дод.

Дар Лубнон то пеш аз ин ҳамеша шароити сахт рӯбарӯи зиндагии чанд насл аз фаластиниҳо дар урдугоҳҳо ва шаҳракҳои фаластинӣ дар Лубнон мешуд, вазъияти ин оварагон дар муқоиса бо вазъияти ба шиддат риққатовари оворарагони суриягӣ беҳтар аст. Шумораи оворагони суриягии гурехта дар се соли ахир ба Лубнон зоҳиран аз марзи як миллион нафар бештар шуда, сӯхтани пойафзолҳои кӯҳна, буттаҳои дарахтон, резинҳо кӯҳна ва ҳар василаи дастраси дигар барои гарм кардани кӯдакон ва занон, саҳнаҳои риққатбореро ба тасвир кашидааст. Ин дар ҳоле аст, ки ин оворагони суриягӣ дар Лубнон аз набуди маводи хӯрока ва имкониятиҳои беҳдоштӣ низ ранҷ мебаранд.