Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Ҷӯрахон Зоировро аз симати сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ озод кард.
Ҷӯрахон Зоиров бо фармони дигар раиси ҷумҳур сардори Академияи вазорати корҳои дохилӣ таъин шудааст. Гуфта мешавад, ки Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин мақом Ҷӯрахон Зоировро иваз кардааст. Як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки раиси ин ниҳод Сафиаллоҳ Девонаев, сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ таъйин шудааст. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки ҳамин рӯз аз вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо расонидаанд, ки Сафиаллоҳ Девонаев сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ таъйин шуд.
Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ рӯзи 13-уми декабр ин хабарро тасдиқ ва афзуд, ки Сафиаллоҳ Девонаев сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфта таъйин шудааст. Ҳамчунин Ҷалолиддин Садриддинов, ки мушовири вазири корҳои дохилӣ буд, сардори Дафтари матбуоти вазорат таъйин шуд. Маҳмадулло Асадуллоев, ки то ин замон дар мақоми сардори Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ кор мекард, корманди раёсати амнияти ин вазоратхона таъйн шуд.
Сафиаллоҳ Девонаев 9-уми июни соли 1962 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, дорои ду таҳсилоти олӣ: соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2001 Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россияро хатм намуда ва ихтисосҳои иқтисоддон ва ҳуқуқшиносро соҳиб гаштааст.
Фаъолияти меҳнатиро баъди хатми Донишгоҳ аз вазифаи иқтисодчии Комбинати хизмати майишии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон оғоз намуда, солҳои 1984-1990 дар вазифаҳои мудири сектор, котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Фархор ва инструктори ЛКСМ-и Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз моҳи июни соли 1990 то моҳи январи соли 2011 дар вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо қарори ҳукумат аз 21-уми январи соли 2011, ба мансаби сардори Хадамоти муҳоҷират таъин гардида буд. Оиладор соҳиб 5 фарзанд. Полковники милитсия. Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2000-ум бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.