Бунёди атфоли СММ мегӯяд, ки миллионҳо кӯдак дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқиву марказӣ аз таҳсил маҳруманд.
Бо нигарони аз ин вазъ, ахиран дар як муроҷиатномаи худ ЮНИСЕФ - бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои минтақа даъват кардааст, ки ҳама кӯдаконро ба таълими босифат фаро гиранд. Аммо масъулини соҳаи маорифи Тоҷикистон мегӯянд, имрӯз фақат ҳудуди 5 дарсади наврасони синни мактабӣ аз таҳсили ҳатмӣ дур мондаанд. Аз 2630 нафари маҳрум аз таълим, 1479 нафараш духтарон будаанд. Бино ба омори ин ниҳод бештар аз ҳама дар Хатлон ин мушкил ба назар мерасидааст.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорати моарифи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, имрӯз дар воқеъ ин мушкил дар минтақаҳои кӯҳдомани кишвар ҷой дорад, аммо на ба он дараҷае, ки бархе аз созмонҳои хориҷӣ гуфтаву нигаронӣ мекунанд: «Ин мушкилот аслан дар ноҳияи минтаҳаҳои куҳӣ бармехӯрад. Вале на ба он теъдоде, ки имрӯз бархе аз созмонҳои байналмиллалӣ маълумот медиҳанд. Барои бартараф намудани ин мушкилот вазорати маориф ва илми Тоҷикистон корҳои муайянеро анҷом дода истодааст. Ҳар сари чанд вақт дар мушовараҳои вазорат ин масъала мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҳамчунин ба ҳукуматҳои маҳаллӣ дастур шудааст, ки дар табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба асосӣ ва миёна мусоидат кунанд ва то имрӯз як теъдоди муайяни мактабҳо ҳам асосиву миёна карда шуданд».
Ба гуфтаи масъулини вазорати моариф, як омили аслии аз таълим маҳрум шудани кӯдакони кишвар, дурии роҳ унвон мешавад. Зимнан, дар ҳамин авохир дар ин робита тибқи як барномаи фонди католитикӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар як пажӯҳише анҷом шуд. Мунира Иноятова, таҳлилгари соҳаи маориф, ки дар ин таҳқиқот ширкат дошт, мегӯяд, аксар хонаводаҳо дар сӯҳбат бо онҳо гуфтаанд, барои таҳсил дар мактаби асосӣ фарзандони онҳо ҳар рӯз бояд то 4-5 километрро пойи пиёда тай кунанд ва махсусан дар фасли сармо расидан ба мактаб дар роҳҳои ноҳамвору дур барои кӯдакон хеле мушкил будааст. Бинобар ин, 90 дарсади волидони пурсидашуда гуфтаанд, ки мехоҳанд дар мактабҳо автобусҳои вижаи барои бурдану овардани хонандаҳо ташкил шавад.
Мунира Иноятова афзуд: «Хусусан падару модарон мегуфтанд, агар автобус ташкил шавад, кӯдакон ба хусус духтарон ба мактаб ҷалб хоҳанд шуд. Мактабҳо аз қишлоқ хеле хеле дур ҳастанд. Омадани хонанда ба мактаб махсусан аз оилаҳои камбизоат бисёр душвор аст. Махсусан дар вақти зимистон. Инҷо масъалаи либос асту боз бисёр мушкилоти дигар. Масалан, аз қишлоқ то мактаб рафтан ним рӯз сарф мешавад дар ин фасл, аз мактаб ба хона омадан ҳамин қадар вақт. Барои ҳамин вақт барои хондан намемонад.»
Мунира Иноятова мегӯяд, дар пайи сӯҳбату дархостҳои волидон дар навоҳии Тоҷикистон, ҳоло ба вазорати моарифи кишвар пешниҳод шудааст, ки барои рафъи чунин мушкилот макотиби таҳсилоти ҳамагонии кишвар мисли мактабҳои хусусӣ бо нақлиёти ройгон ва махсус таъмин шавад. Ҳарчанд ба қавли Хонум Иноятова, амалӣ кардани ин иқдом маблағи зиёдро талаб мекунад.
Аммо дар маҷмӯъ дурии роҳи мактаб аз рустоҳо ё ҷойи зисти хонандаҳо ягона сабаби маҳрумият аз тадрис нест. Мунира Иноятова, ки дар ин робита пажӯҳиш доштаву назару андешаҳои хонаводаҳоро дар минтақаҳои мухталифи кишвар шунидааст, мегӯяд, омилҳои зиёди дигар, аз ҷумла андешаҳои хурофотӣ як омили дигари дур мондани махсусан духтарон аз таҳсил мебошад. Ба гуфтаи Мунира Иноятова, дар мактабҳои рустоҳои кишвар духтарон дар синфҳои болоӣ ангуштшуморанд: «Бисёр духтарҳо намераванд, чун ақидаҳо зиёданд, ки барои духтар хондан зарур нест. Ҳоло ёфтани духтар дар мактабҳои деҳот кори осон нест. Аз сӯи дигар бемасъулиятии падару модарон ва ҳамчунин камбизоати боис ба маҳрум шудани кӯдакон аз хату савод шудааст»
Ҳарчанд омори пешниҳодкардаи вазорати моариф мегӯяд, дар Душанбе ҳамагӣ 6 нафар ба таълими ҳатмӣ фаро гирифта нашудааст, аммо мушоҳида мешавад, воқеияти ҳол дигар аст. Дар бозору хиёбонҳои пойтахт метавон кӯдакону наврасони зиёдеро дид, ки дар соатҳои дарсӣ, дур аз мактаб ба иҷрои корҳои дигар машғуланд. Як сабаби дигари бемаълумот ва хатту савод мондани хонандаҳо, ин таъсири муҳоҷирати хонаводаҳо ба Руссия аст, ки кӯдаконро ҳам дар нимароҳ қарор додаст.
Мафтуна имрӯз бояд дар синфи 10- ум таҳсил кунад, аммо хонашиниро ихтиёр кардааст. Як тасмим ва ё тағйирот дар 3 соли пеш дар хонаводаашон сабаб шуд, ки Мафтуна дигар ба мактаб наравад. Хонаводаи Мафтуна барои кору зиндагӣ ба назди падари муҳоҷирашон ба Руссия мераванд. Давоми беш аз 1 соли зиндагӣ дар Русия, ба далели дуруст набуди аснод ва монеаҳои дигар, ӯ наметавонад таҳсилашро дар мактабҳои миёнаи ин кишвар идома диҳад ва ҳамин тавр баъди бозгашт ба Тоҷикистон ҳам дигар майли дарсхонӣ намекунад.
«Аз дарсҳо бисёр ақиб монда будам, агар мерафтам, маҷбур будам дар синфҳои поёнӣ таҳсиламро идома диҳам. Барои ҳамин шарм доштаму нарафтам. Аз синфи 7 баромада, ҳоло ҳамсабақони ман дар синфи 10 таҳсил доранд. Албатта, хеле мехостам бо онҳо бошаму мактабро хатм карда таҳсиламро дар донишгоҳ идома диҳам. Аммо имконият нашуд.»
Аммо бо ин ҳама, як пажӯҳиши ахир муайян кардааст, ки на ҳама хонандаҳое ҳам, ки ба мактаб ва ҳатто донишгоҳ фаро гирифта мешаванд, соҳиби хату савод ва дониши босифатанд. Созмони таҳқиқотии «Сотсервис» бо анҷом додани як як пурсиш дар миёни беш аз 2 ҳазор ҷавони дорои маълумоти мухталиф ба хулосае омадааст, ки аз ин теъдод танҳо 3 дарсад саводнок ва ҳудуди 30 дарсади дигар бо маълумоти олӣ ё миёна хату саводи зарурӣ надоранд ва ё аз ӯҳдаи оддитарин ҳисобу китоби математикӣ намебароянд.
Ҷамшед Қудусов, раҳбари созмони таҳқиқотии «Сотсервис» дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт: «Мо пурсидем аз ҷавонон, ки онҳо хонда метавонанд? Навишта метавонанд? Ё бе калкулятор ҳисоб карда метавонанд? Буданд шахсоне, ки бо дипломӣ олӣ гуфтанд, ҳисоб карда наметавонанд, як матни оддиро фаҳмида наметавонанд. Ин масъала хеле муҳим аст. Аз нигоҳи назари маҳз сифати таълим. Аз ҳамин 27 фоиз 9 дар садаш ҳисобу китобро намедонанд.»
Ба ақидаи таҳлилгар Ҷамшед Қудусов, имрӯз бояд бештар аз ҳама масъулини соҳаи маориф ба сифати таълим дар мактабҳои миёнаву олӣ таваҷҷӯҳ кардаву аз пайи роҳандозии чораҳои зарурӣ бошанд.
Зимнан дар муроҷиати ахири бунёди атфоли Созмони Миллали Мутттаҳид ё ЮНИСЕФ ба кишварҳо ҳам гуфта шудааст, ки аксар кӯдакон дар мактабҳо ба таҳсили босифат таъмин нестанд ва дониши нисфи хонандаҳои то 15 сола дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ба талаботи улуми дақиқ, математика ва хониш мутобиқат намекунад.