Олим Камолов, наққош ва минётурнигори тоҷик, ки ахиран дар як ҷашнвораи байналмилалӣ дар Алҷазоир ғолиб омад, мегӯяд аз ҷониби ҳакамон тасмим шуд, як минётури тасвиркардаи ӯ дар осорхонаи Алҷазоир ҳифз шавад.
Олим Камолов, минётурнигори тоҷик, ҳоло дар миёни дӯстдорони ҳунари наққошӣ дар Тоҷикистон маъруф аст.
Мусаввараҳои ӯро дар ҳар намоишгоҳи дохил ва хориҷ аз кишвар дидан мумкин аст. Ҷаноби Камолов мехоҳад то аз тариқи намоиши минётураҳои офаридааш ҳунари наққошӣ ва минётуриро дар тамоми манотиқи Тоҷикистон таблиғу ташвиқ кунад. Сӯҳбати мо бо ӯ дар нахустин маркази минётурии «Мино», ки пур аз мусаввараҳову минётурҳои ҷолибу дидании рангоранг буд, сурат гирифт ва нахуст аз ӯ роҷеъ ба ғолибияташ дар Алҷазоир пурсидем.
Олим Камолов: Ман се соли ахир барои ширкат дар чунин як ҷашнвора аз ҷониби Алҷазоир даъватнома дарёфт мекардам. Аммо он замон фикр мекардам, ки бояд бештар кор кунам ва баъдан дар чунин намоишгоҳи байналмилалӣ ширкат кунам. Ҳамин хел ҳам шуд ва ман имсол тавонистам, ки дар чунин ҷашнвораи фарҳангӣ ширкат карда ғолиб оям. Дар ин ҷашнвора ширкаткунандаҳо бояд чаҳор кори эҷодии худро ба озмун пешниҳод мекарданд. Ман низ дар ин баробар ҷаҳор мусаввараи офаридаи худро пешкаши бинандагону ҳакамон кардам.
Озодӣ: Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Шумо ягона будед?
Олим Камолов: "Не. Дар ҷашнвораи байналмилалӣ минётурнигорон аз 27 давлати дунё ширкат доштанд. Аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои арабӣ, Русия, Ҷопон, Чин. Яъне онҳое, ки ба минётураву хаттотӣ сарукор доштанд. Дар ин ҷашнвора чаҳор ҷой муайян шуда буд ва ҷойи аввалро як духтари рассом аз Покистон гирифт, ки аз руи стили минётурии Покистон кор карда буд. Мақоми дуввумро ман касб кардам."
Озодӣ: Наққошии минётуриро чӣ гуна омухтед?
Олим Камолов:- Вақте, Коллеҷи рассомии шаҳри Душанберо бо ихтисоси рассомкашиву муаллимӣ хатм кардам, он замон минётуриро наомухта будам. Баъдан ба фабрикаи «Армуғон» ба кор рафтам ва дар он ҷо аз Клара Сон, як рассоме ки аз Русия омада буд, нозукиҳои кори «палех»-ро омӯхтам. Вале мехостам, ки ба минётури тоҷикӣ наздиктар шавам. Ман чандин китобҳоро ёфта аз онҳо нозукиҳои минётуриро нусхабардорӣ мекардам, ҳамзамон ба нусхабардории минётурҳои мактаби Камолиддини Беҳзод машғул будам. Баъдан ба корҳои эҷодии худ шурӯъ кардам.
Озодӣ: Мавзуъи мусаввараҳоятонро чӣ гуна меёбед ва фарқияти минётур аз дигар равияҳои санъат дар чист?
Олим Камолов: Ман дар минётура бештар аз осори классикон аз ҷумлаи Низомиву Фирдавсӣ истифода мекунам. Баъдан баргузории иду маросимҳои халқи ба кори ман кӯмак мекунанд. Яъне ман бештар аз расму оини халқи тоҷик ба мисли туй ва ё иди Навруз истифода мекунам. Барои мисол, чанд минётури дигаре офаридаам, ки дар он нозукиҳои иди Навруз таҷассум ёфтаанд. Мисли минётури «Ҷанги бузҳо» ва «Сумалакпазии занон дар ҷашни Наврӯз».
Озодӣ: Шумо тамоми ҳаёти худро бахшидаед ба омӯзишу офариниши мусаввараҳои минётурӣ. Ва дар Душанбе мактаби минётурнависони ҷавонро бо номи ”Мино” таъсис додед. Ҳоло ин мактаб фаъолият дорад?
Олим Камолов: «Мино» исми нахустин мактаби минётурнигорӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар он ба ҷавонон ин навъи санъати тасвирӣ омӯхта мешавад. Бале, се сол қабл дар устохонаи худамон, маркази минётуравии «Мино»-ро ташкил кардем ва довталабони аввалини ин мактаб 10 нафар мактаббачаҳои мактаб-интернати рақами 4-и шаҳри Душанбе буданд. Барои рушди санъати тасвирӣ ва минётур мо бо дастгири фонди Сорос даҳ мактаббачаро ройгон дарс меомӯхтем ва омода кардем. Аз онҳо шаш нафарашон дар коллеҷи рассомӣ шомил шуданд. Ин ҳама ба он мақсад буд, ки санъати миётура дар Тоҷикистон рушд кунад. Онҳо хатм кардаанд, вале дар як ҳафта як маротиба махсус ҷудо кардам дарс мегӯям, албатта ройгон. Ман танҳо мехоҳам, ки онҳо ин санъатро аз худ кунанд."
Озодӣ: То ҷое медонем, маркази минётурии “Мино” оилавӣ аст, бале?
Олим Камолов: "Бале, ин мактаби мо оилавӣ аст. Духтари хурдиям Мумтоз Камолзода номзади илми санъатшинос, хатмкардаи магистратураи донишгоҳи Бостони Амрико аст. Вай барои рушд додани ин навъи санъат ва фаъолияти ин марказ ба мо кӯмак мекунад. Ӯ ҳоло бо кӯмаки ҳукумати шаҳри Душанбе ва бо дастгирии донишгоҳи Англия дар онҷо таҳсили докторонтураро давом дода истодааст. Духтари калониям Бону Камолова коллеҷи рассомӣ ва ҳамзамон Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо ихтисоси фарҳангшиносӣ хатм кардааст. Ҳамзамон бо миётура машғул аст. Вай аллакай чанд кореро ҳам дар санъати минётур офаридааст, нозукиҳои ин касбро мефаҳмад ва ман фикрам мекунам, духтарам давомдиҳандаи кори ман дар минётура аст."
Озодӣ: Минётурҳои офаридаи шумо дар кадом кишварҳо ба намоиш гузошта шуданд?
Олим Камолов: "Ман дар бисёр намоишгоҳҳо иштирок карда будам. Аввалин маротиба дар соли 1991 дар Финландия будам. Баъдан бо бачаҳои маркази “Мино” дар Вашингтон будем. Дар Қазоқистон ва Қирғизистон иштирокчии мастерклассҳои зиёд будам. Албатта ин сафарҳо барои бачаҳое, ки дар марказ мехонанд, як таҷрибаи хубе буд."
Озодӣ: Ҳоло хоҳишмандони санъати тасвирӣ зиёданд, агар онҳо ба маркази Шумо муроҷиат кунанд, ба онҳо имкони омӯзонидани ин ҳунарро доред?
Олим Камолов: "Ростӣ, ҳанӯз ҳам дар як ҳафта як рӯзро барои он шогирдоне, ки хатмкунандаи интернат-мактаби рақам 4 буданд, ҷудо мекунам. Рӯзҳои кори барои ороиши китобҳо аз нашриёти “Адиб” ва маҷаллаи “Истиқбол” машғул ҳастам. Боқӣ ду рӯзи дигар шанбе ва якшанбе барои онҳое ки хоҳишманд ҳастанд ва волидони онҳо пулашро пардохт мекунанд, дарс мегӯям, албатта."
Озодӣ: Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ ба санъати минётурӣ бештар аст, аммо дар Тоҷикистон чӣ?
Олим Камолов: "Дар мамалкатҳои ҳамсоя Узбекистону Афғонистону Эрон ба санъати тасвирӣ ё рассомӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Дар Тоҷикистон албатта марказҳои расмкашӣ зиёданд, аммо равияи минётура вуҷуд надорад. Ва мо тасмим гирифтем, ки ин самти рассомиро рушд диҳем. Ман фикр мекунам, дар ин самт муваффақ ҳам шудам. Зеро шогирдонам ва духтаронам ин равияро хуб омӯхтанд. Боварӣ дорам, ки минётураи тоҷик аз нав эҳё мешавад."
Олим Камолов, наққош ва минётурнигори тоҷик 3-юми май соли 1960 дар Душанбе дар оилаи компазитор Аъзам Камолов таваллуд шудааст. Ӯ баъди хатми синфи ҳаштум ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи рассомии Тоҷикистон супорида онро соли 1979 хатм мекунад. Баъди хатми колеҷ як муддат дар фарбикаи «Армуғон» фаъолият карда, баъдан ду соли дигар дар Муғулистон хизмати ҳарбиро ба анҷом расонидааст.
Оиладор соҳиби ду духтар. Ӯ соли 2009 унвони хизматчии шоистаи давлатиро дарёфт кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад