Порлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру илвоаҳо ба Кодекси ҷиноии кишвар ҷазои ришвадиҳандаҳоро, сахттар кард.
Агар то имрӯз афроде, ки барои анҷоми кори худ ба мақомдорон пора медоданд,бештар қурбонии фасод шумурда шуда, танҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешуданд, акнун ба онҳо на танҳо ҷазо, балки мусодираи молу амвол низ таҳдид мекунад.
Турахон Самадов, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон, рузи чоршанбеи 11-уми декабр, бо пешниҳоди тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷазо гуфт, ин ислоҳот дар пайи дархости Созмони байналмилалии мубориза бо пулшӯӣ ворид шудааст ва дар баробари ҷазои аслӣ ба порадиҳандагон амалӣ мешавад: «Моддаи 57-и кодекси ҷиноӣ мусодираи молу амволеро, ки аз роҳи ҷиноӣ ба даст омадааст, пешбинӣ кардааст. Лоиҳаи пешниҳодшуда таҳти истифодаи ин модда шомил намудани боз як гурӯҳ ҷиноятҳоро дар назар дорад. Аз ҷумла додани пора, дуздӣ ғоратгарӣ, қаллобӣ, роҳзанӣ, тамаъҷӯӣ, саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо, сохтакорӣ, ҳамла ба ашхоси таҳти созмонҳои байналмилалӣ қарордоштаро пешбинӣ кардааст.»
Ба гуфтаи ҷаноби Самадов, ба ин тартиб дар нисбати 17 намуд ҷинояти иқтисодӣ аз ҷумла, додани пора, ҳамчунин ҷазои мусодираи молу амвол татбиқ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан ин навъи ҷазо танҳо дар нисбати ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин истифода мегардид. Дар ҳоле ки гуфта мешавад, чунин ҷазо ба коҳиши фасод мусоадат хоҳад кард, намояндагони созмонҳои ҳуқуқи инсон ва бархе аз ниҳодҳои давлатӣ бар инанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қариб сари ҳар қадам дучори тамаҷаӯии мансабдорон мешаванд ва шароит онҳоро маҷбур мекунад, ришва диҳанд. Акнун бо қабул шудани тарҳи нав онҳо, ки амалан талаби мансабдоронро ба ҷо меоранд, мумкин аст, барои як пораи хурд аз ҳамаи дороиҳои худ маҳрум шаванд ва аҳли хонаводаи онҳо ба машаққат рӯбарӯ гардад. Зеро, гуфта мешавад, коррупсия дар Тоҷикистон то ҳадде реша давондааст, ки сокинони кишвар бидуни додани ришва кореро анҷом дода наметавонанд.
Бино ба таҳлилҳои Маркази пажуҳишҳои стратегии назди президенти Тоҷикистон, ҳарчанд қисми бештари мардум ба амали коррупсионӣ зиданд , аммо дар ҳолати зӯромад дар чунин додугирифти ғайриқонунӣ ширкат мекунанд.
Малика, як сокини 27-солаи пойтахт мегӯяд, барои ба синфи якум дар қабул кардани додарзодааш дар яке аз мактабҳои миёна аз ӯ 600 доллар талаб кардаанд. Вай афзуд: «ин маблағ ба он хотир талаб карда шуд, ки теъдоди хоҳишмандони таҳсил дар ин мактаб зиёд буд ва бештари волидаайн бо додани ин маблағ фарзандони худро ба ин таълимгоҳ шомил кардаанд. Аммо мо чун аз ин амал ба вазорати маориф шикоят бурдем, ҷиянамро баъдан бепул ва бо гирифтани имтиҳон қабул карданд. Ман фикр мекунам, аз ин тағйире, ки ворид шудааст, боз ҳам шаҳрвандони бечора зарар мебинанд, аммо мансабдор ҳамоно пораашро хоҳад гирифт.»
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ Ватанов, яке аз дигар вакилони парлумон мегӯяд, дар сурате, ки шаҳрванд аз сӯи мақомдорон барои додани пора маҷбур карда шавад, ӯ бояд ба мақомоти дахлдор шикоят барад. Аммо ба ҳангоме, ки ӯ низ дар чунин додугирифт ширкат мекунад, шарики ҷиноят дониста мешавад. Ҷаноби Ватанов афзуд, «гирифтани пора аллакай дар матни пешакие, ки мо дар моддаи 57-и кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав дода будем, ҷой дошт, аммо имрӯз додани пора яъне он даромади ғайриқонуние, ки дар рафти ин ҷиноят ба даст меояд, ба фоидаи давлат мусодира карданаш пешбинӣ гардид.»
Дар ҳамин ҳол ҳуқуқдонҳои тоҷик ворид кардани ин ислоҳотро дар мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон муфид арзёбӣ мекунанд. Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин аст, ки чун ҷиноят ҷанбаи иқтисодӣ дорад бояд он ҷуброн шавад. Бо таваҷҷуҳ ба тағйири ахир дар Кодеквси ҷиноии Тоҷикистон, иддае аз соҳибназарон мегӯянд, ин амр метавонад, то андозае ришвадиҳиро коҳиш диҳад. Ин ҳам дар ҳоле, ки бар асоси гузориши тозаи Транспаренс Интернешнл мизони фасод дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Тибқи ин гузориш Тоҷикистон дар миёни 140 кишвари ҷаҳон мақоми 115 -ро касб кардааст. Ҳол он ки дар гузориши қаблӣ Тоҷикистон дар раддаи 118 қарор дошт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад